Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Саройи хуфта бедор шуд. Толори тараб бо ҳама ҳашамату базму базмиён ба коми зулмот фурў рафта буд. Машъалаву шамъҳо сўхта хомўш гашта буданд. Касеро ёройи ба он ҷо даромадан набуд, ки шоҳи сармаст теғи охта кашида бошад.
Ҳама тарсу буданд ва намедонистанд чӣ шуда. Пайдо гашт Охи валиаҳд. Фармуд, то машъалаҳо фурўзон карданд. Сарбозон даромаданд ба толори тараб. Ҳозир шуданд духтарони шоҳ ва Ох нагузошт, ки дароянд шоҳдухтарон. Хоҷасарой пайдо шуд паҳлўйи шоҳзода Ох. Чун шоҳро фурўфитода диданд ва аз даҳонаш кафку оби сиёҳ рафта буд ва андар бараш ҷоми заррин вожгун, маст пиндоштанд шоҳро. Рўгардон карданд. Ранг парида буд аз рухаш.
Хобондандаш дарозо. Машварат карданд, ки кори кист. Бурданду оварданд, буриданду дўхтанд, қуръайи фол ба номи Сосони ҷосус афтод. Пасон боз ғалмағал шуд. Онҳое, ки охирин бор бо шоҳ танҳо мондани вазир Боҳуйро медонистанд, бехигушӣ мекарданд, бехигўшийи онон ба дигарон хуш наомад; шўру мағал шуд.
Ҳамин ғалмағал шоҳзанҳоро, шоҳдухтаронро бедор карда буд...
Занони кабудпўш, шоҳдухтарони ҷўлидамўй нобаҳангому новақт пайдо гаштанд миёни сарбозони зиёд, ки намегузоштанд касе пеш ояд. Шоҳзода Ох, вазири боргоҳ Боҳуй ва сипаҳсолор буданд назди шоҳи хуфта. Алҳол хоҷасарой метавонист фармонфармойӣ кунад, зеро шоҳ Ардашери II бевасият рафта ва касе нест ўро иваз кунад. Мурда ба рўйи хона аз дилу мағзи хоҷасарой ҳазор андеша гузарад. Худ шоҳӣ кунад ё каси дигарро ба маснад нишонад? Аммо дилноҷамъ аст, мурдаро монда, тутхўрӣ кардан нахоҳад.
«— Чӣ бояд кард, сипаҳсолор?»
Гўйӣ ҳама андешааш ҳамин буд. Фикри дигар надошт. Гумонаш касе чизе намедонист, ҳатто шоҳзода Ох намедонист, ки ҳама кори вазири маккор аст. Гарчӣ сипаҳсолор мусаллаҳ аст, вазирро биме нест аз ў ва ҳоло аз вазифа сабукдўш ва ё ба мартаба боло бардоштан кори вазири даргоҳ бувад. Ва ҳарф ҳарфи хоҷасарост.
Сипаҳсолор китфон дар ҳам кашид ба ҷавоб.
«— А, Ох?»
Чун аз сипаҳсолор посухе нагирифт, кўтоҳ пурсид аз шоҳзода.
«— Хоҷасаройи бузург донанд».
Хуш омад ҷавоби шоҳзода, дар дил шод шуд хоҷасарой ва зери партави хирайи шамъу машъалаҳо касе пай набурд, ки чун табассум дамид хами лабҳойи вазир.
«— Чӣ бояд кард, сипаҳсолор?»
«— Ҷанг бояд кард!» – чун дубора пурсидани вазир маънийи таъкидро дошт, қасдан посух дод сипаҳсолори умрдида, ки камтар аз вазир хидмат накарда буд андар кишвар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо