Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Шоҳи олам шодком бошанд ва давлаташон поянда!
Шоҳи сияҳмаст ҷоми шароб рабуд аз дасти вазир ва дарҳол ба сар кашид. Вазир одати шоҳро медонист, ки сияҳмаст гардад, дигар ист надорад, дарёдаркаш шавад ба шароб. Бинишаст паҳлўйи шоҳ, ки андаке пеш арўси соҳибҷамол нишаста буд ва гуфтор кард:.
— Хушбахттарини шоҳон шоҳи олам ҳастанд. Аз шодкомийи эшон бандагон низ шодмон ҳастанд...
Гуфтор мекард хоҷасарой ва шоҳ Ардашери II чашм пўшида буд. «Ҳум» мегуфт. Вазири маккор чун дарёфт, ки хусрав ба ҳақ расида, нигин бозгирифт ва ангуштарӣ бар ҷом таконд як мисқол заҳр. Нигарист ба ҳама кунҷу канори толор, пойгаҳ хилват ёфт, шароб рехт ба ҷоми заррин. Даст бар китфи шоҳ ниҳод, то чашм во кунад ва майли шароб. Чун хоҷасарой даст бар китфи ў расонд, шоҳи одаткарда ба чунин ламсу ишораҳо даст ёзид баройи ҷоми шароб. Аз ҷон хуштар хоҷасарой ҷомро ба кафи дасти хусрав ниҳод ва оҳиста бархост. Шоҳ Ардашери II ҷоми заррин ба сар кашид ва дарёзид боз.
Касе набуд, ки ҷом бигирад. Бархўрд ба фарш. Хоҷасарой, ки ду қадам дур рафта буд, табассум кард: «Тахти Ҷам хостӣ, ҷоми Ҷам насибат шуд» ва бирафт аз даре, ки касе бонӣ накарда буд.
Шоҳ Ардашери II надонист чӣ шуд бо ў. Аз тахт ба фарш зад, ғарора кард. Аз даҳонаш кафк омад ва оби сиёҳ. Пой дароз кард баъди чанде дасту пой задан.
Шаб аз шаб гузашта буд, шоҳ Ардашери II ба шабистони шоҳдухтар Гулгун наомад. Гулгун яқин кард, ки бар асари шароб шоҳ майли бистари ў накард. Дар дил шод буд, ки шабаш осуда мегузарад ва фардо чизе хоҳад андешид. Ў нишаста буд бар тахти арўсӣ, мушку абири зулфонаш ба хона дамида ва муаттар гардонда. Хоҳаронаш пеши пояш бар фарш нишаста, аз чашмон хобро муштмол дур мегардонанд, то аз омадани шоҳи овозадор ғофил намонанд. Аз шоҳ дарак нест. Доягон низ дар хонаҳойи шафат хоб ҳаром карда, ки ҳеҷ гоҳ шоҳ чунин бепарво набуда ба арўси тоза.
Занони мурдафарзанди шоҳ ҳар кадом дар шабистонҳойи хеш мотамзадаву танҳо ҷоми ғусса ба сар мекашиданд ва дуойи бад мекарданд шоҳро, ки чили фарзандонашро нагузаронда ҳаваси арўси нав кард. Чун писарон намонда, эшонро чизе ё касе бо шоҳ напайвандад. Ва гўйӣ ҳама мунтазиранд хабареро ё кореро, нолаҳо доранд ба даргоҳи Ҳурмузи пок. Ва ғалмағал шуд андар боргоҳ. Рўпўшҳойи ба сар кашидаро дур андохта хестанд чунон ки мурдагон аз гўр. Вале ба ғалмағал сарфаҳм нарафтанд, пиндорашон сатрапи Суғд баройи шоҳдухтар Гулгун лашкар кашида ва саройи шоҳи Порсро зеру забар хоҳад кард. Ба дарҳо омаданд ҳама, вале чунон ки ба шири дамида оби сард рехта бошанд, ғалмағал фурў шуду хомўш ва дар паси дарҳои роҳраву толору хуҷраҳо миш-миши мушона ба миён омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо