Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БаНди ҲАШТУМ

Андар саройи шоҳӣ, дар тарабхонайи чорсў ду тахти мурассаъ паҳлўйи ҳам гузошта буданд. Лаълу ёқути ҳафтранги тахтайи тахт аз нури шамъу машъалаҳойи андар сутунҳо устувор карда ва сари дасти хидматгорон акси шуоъ мекарданд. Аз нафаси зиёди меҳмонҳо ҳавойи толор дам зада, шўълайи забонаҳойи оташ камнур метофтанд. Аммо фарогирди тахти арўсиву шоҳӣ пурнур буд. Шоҳи рўзгордида ончунон шодмон буд, ки як писарро ҳам талаф надода бошад. Калон-калон мехўрд, ҷоми заррин ба сар мекашид ва амр мекард, ки ҳунармандон ҳунар бинамоянд. Чун сархуш бишуд, даст ба тоҷи ҳафтнигин мебурд, ки аз сар напаррида бошад. Ва менигарист ба абрўйи заррини арўс, ки чи қадар мувофиқ афтода бо чеҳрайи сапеду зебояш. Шоҳ Ардашери II бисёр зан гирифта, гўё чунинашро надида, ки беқарор аст ва хоҳад зудтар базми анъанавӣ ва ин тантана анҷом пазирад ва шоҳ бо арўси нав ба шабистони хеш ҷой гирад. Вале чунон базм тафсида, ки гўйӣ мехест аз тану даҳони базмиён. Духтарони Арманшаҳр, хоҳарон ва дугонаҳои Гулгун ончунон мерақсиданд, ки рақси гетерҳойи соҳибҷамоли отинӣ ҳеҷ буд назди ҳунари эшон. Даҳони шоҳ дарида буд аз шодмонӣ. Падари Гулгун сатрапи Арманшаҳр Кудумон ҳузур надошт дар базм. Ў, ки духтараш Гулгунро ба писари ҳокими Суғд ваъда карда буд, аҳдшиканӣ кард, аз ин рў наомад ба базм. Аз ин ҷост, ки Гулгун ношодмон метобад ва ба чеҳрайи зебояш нокомӣ соя афканда. Вале вонамуд мекунад, ки шод аст, зеро зани шоҳи Порс мегардад.
Дар базм танҳо шоҳписар Ох наметофт. Касе эътибор ҳам намедод ба ҷуз вазири пурҳиял. Ў махсус таъкид карда буд Ох наояд, то аз асрори шоҳкушиаш огоҳ нагардад. Хоҷасарой низ чандон фаъол набуд дар базм, балки дур медошт хешро аз шоҳ ва мушоҳида мекард ҳамаро. Ба назар чунон рафтор мекард, ки омода аст андар ҳимояйи шоҳ, нигаҳбон аст баройи тартибот, вале мунтазир, ки пойи ҳозирин канда шавад аз толор ва ў танҳо монад бо шоҳ. Оё муяссар гардад, ки шоҳ Ардашери зандўст арўси нозанинро вогузошта ба сўҳбати вазир пардозад.
Базм қиём карда буд. Шўрбасар буданд базмиён. Касеро коре набуд бо касе. Гўйӣ аз давлати шоҳ ва шодкомийи ў пардадорону посдорон низ сармасту сархуш буданд. Вазири маккор Боҳуй, ки қатрае нанўшида буд, ду ҷоми заррин ба даст наздик омад ба шоҳаншоҳ. Меларзид дастонаш. Вонамуд мекард, ки аз мастист, вале пинҳон мекард қасду ҳаросашро, ки нахустин бор даст мезанад ба қотилӣ. Як-як кам мешуданд базмиён. Бо фармуду дархости хоҷасарой арўсро бурданд ба ҳарам. Вазири доно паҳлўйи шоҳ биомад, ки дар ҳама мавридҳо чунин буд. Хоҷасарой ҷоми пурмай биёзид сўйи шоҳ ва хитоб кард:

пешина
аз 390
навбатӣ