Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Вазъ нобоб, шоҳзода, – андаке таваққуф кард ва афзуд:
— Рўзе балое пеш ояд, гумон дорам, ки баройи шоҳзода мувофиқ нест чунин вазъу шаройит... Авранги шоҳаншоҳӣ мувофиқ ва зебанда аст.
Шоҳзода миҷа ба ҳам заду ба худ омад ва лаб ба гуфтор кушод:
— Маснади шоҳӣ холӣ нест, хоҷасаройи бузург.
— Ин ба амру хоҳиши шоҳзода Ох вобаста аст.
— Ман, ки хидматгори хоҷасаройи бузург ҳастам...
— На. Ман бояд ба шоҳзодайи пирўзбахт хидмат бикунам.
Дер ё зуд туро ба тахтайи тахт хоҳам нишонд.
— Ҳар чӣ хоҷасаройи бузург фармоянд.
Шоҳзодайи сабуксор фаромўш кард кинаашро, муҳаббати падарро, пеши чашмаш тахти мурассаъ омад, тоҷи хушнигин муҷалло гашт, лаззату бўйи шоҳиву комронӣ ба даҳону димоғаш расид, бовар кард ба хоҷасарой.
— Шоҳзода, ҳоло бо фармуди шоҳ Ардашери II ин ҷо омадам.
Ў донад, ки шоҳзода андар пойи гўрҳойи бародарон сар кўбад, ғамиву пурғусса бошад. Дилаш сўхта ва маро фиристода. Мо бояд биравем. Сосони ҷосусро пайдо бикунем ва дар базми арўсии шоҳ Ардашери II хидматгор бошем.
— Чӣ гуна базм?
— Шоҳ Ардашери II боз писар хоҳад, як саду шонздаҳумашро. Аз зани дигар. Занҳойи кўҳнааш гўё писарони бехосият зода.
Ҳоло мехохад писари бахосият дошта бошад. Духтари сатрапи Арманшаҳр Кудумониро хостор шуда.
— Базм зуд аст ё дер, хоҷасаройи бузург?
— Зуд аст.
— Магар сўгворийи писарон аз димоғи ў рафта?
— Шояд... Ба ту гуфтам, ки шоҳони бефар дер напоянд ва шаъну шукўҳи шоҳӣ низ надоранд.
— Шоҳони зандўст низ.
— Оре, шоҳзода Ох. Мебинам, ки аллакай ба чунин ҳарфҳо сарфаҳм меравӣ.
— Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ.
— Офарин!... Ох!
— Бифармоед, хоҷасаройи бузург.
— Шояд чунин танҳойӣ дубора мувофиқ наояд. Ба ман гўш бидеҳ: агар ту бо ман мувофиқ бошӣ, чунон кунам, ки духти сатрапи Арманшаҳр насиби шоҳзода гардад.
— Рой хоҷасаройи бузургро.
— Шод бош, шоҳзодайи зирак!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо