Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ту ки пурсидӣ: «А, чаро?» магар дар сар андешае доштӣ?
— На. Андешае надоштам.
— Доштӣ, Ох! Андешайи бародаронро дар сар доштӣ.
— На. Андешайи бародарон набуд, андешайи шумо буд...
— Чун?
— Андеша, ки чаро хоҷасаройи бузург аз марги бародарон чизе намепурсанд?
— Ман, ки медонам, чаро пурсам?
— Чиро медонед, хоҷасаройи бузург?
— Медонам, ки Сосони ҷосус ин корро карда ва ўро пайдо бояд кард.
Ох хомўш монд. Ў чашмдор буд, ки дар ин ҷойи хилват хоҷасарой фошофош мегўяд ҳамаро ва собит мегардонад, ки ин кори шоҳзода аст. Аммо ў сипоҳӣ мекунад ба назари Ох ва ё қасдан чунин рафтор дорад, то шоҳзода ба забон ояд.
— Магар саҳв кардам, шоҳзода?
— Оре, хоҷасаройи бузург... Шумо яқин донед, ки ин кори кист.
— На. Надонам.
— Пас ин гуноҳи ман аст, ки бо шумо машварат накардам.
— Ман, ки дар Миср будам, чун метавонистӣ машварат бикунӣ?
— Фурсату вазъият мувофиқ омад, ҳоҷат ба машварат намонда буд... Хоҷасаройи бузург, бигўед, ки шоҳ Ардашери II шуморо аз чӣ рў ба Миср фиристод?
— Дарёб, ки чаро?
— Надонам...
Вазири доно ба андеша рафт, то чӣ ҷавоби мувофиқ гўяд. Думба бар тахтасанг ниҳоду нишаст. Ох пиндошт, ки қиссайи дароз аст, хоҷасарой дерёз нишаста ҳикоят мекунад сабаби рафтан ва дидаву шунидаҳояшро. Сар ҷунбонд ва оҳиставу паст садо баровард:
— Шоҳ маро ба Миср фиристод, то дар ин ҷо фоҷиайи бузург ба миён ояд...
Пушаймон гашт шоҳзода аз пурсидан, ки вазири донову маккор сари ҳар матлаб неш занад. Хост ситеза кунад Ох, мувофиқ наояд бо ў, дар дил қарор дод: «агар хоҷасарой чунин муносибату кинояҳояшро давом диҳад, бо падар машварат бояд кард». Андар замири шоҳзодайи ҷавон туғён бархост, кина гирифт ба вазир.
Вазири сарой мушоҳида дошт, ки чун дигар шуд ранги рўйи шоҳзода, нодида ангошт ва идома дод матлабро:
— Шоҳ Ардашери II маро ба Миср баройи он фиристод, то донам вазъи мусойид ва мувофиқ аст баройи волийи нав ё на...
Шоҳзодайи ҷавон гўё нашунид, ки напурсид чун буда вазъу ҳол. Вазири пухтакор фармуд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо