Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Шоҳи аврангзеб бояд бишавӣ.
— Сипосгузорам, хоҷасаройи бузург... Равшан, ки то шоҳ Ардашери II ҳаст, касе ҳаваси тоҷу тахт накунад.
— Тоҷ касеро сазовор ва зебанда аст, ки фарри шоҳӣ дошта бошад.
Ох нафаҳмид маънийи фарри шоҳиро, ҳайрон ба рўйи хоҷасаройи бузург нигарист. Вазири доно дарёфт маънийи нигоҳи ўро, сар афшонд ва афзуд:
— Шоҳ Ардашери II занонро ҳавас кунад. Ба мулкдорӣ ва ободониву кишваркушойӣ хуш надорад. Дар кишваре, ки зудзуд шўру балво бархезад, он мулк обод нагардад ва пешвояш фарру шукўҳ пайдо накунад ва худованд бар он гуна сарвар нур набахшад. Подшоҳони шукўҳманд бонур, бофарр, назаркардайи Худованд ҳастанд ва тавоноянд. Ҳар гуна ҳакиму волӣ ва шоҳони мулку кишвари дигар наёранд бар ў ҳамла кунанд. Агар овард кунанд, забун гарданд.
Ҳайратзада буд Ох, ки чаро хоҷасаройи бузург шоҳ нест. Бо чунин донишмандӣ ў вазири шоҳ аст. Шояд ў ҳаваси шоҳ шудан дошта бошад, ки имрўз чунин ҳарфҳоро ба забон меорад ва худдорӣ карда натавонист шоҳзодайи камтаҷриба:
— Хоҷасаройи бузург, тахту тоҷ шуморо зебанда...
Вазири доно дерёз ба ҳарфи шоҳзода посух нагуфт, балки ҳазм кард дар зеҳни худ сухани ўро ва сар афшонду афзуд:
— На. Хоҷасарой аз тухмайи шоҳон нест. Фарри шоҳӣ низ надорад.
— Магар ақл фарр нест?
— Ақл ними фарр аст. Шоҳон бо ақл кор надоранд, аз ин рў мехоҳанд вазирони боақл, сипаҳсолори тавоно, сипоҳи муқтадир, ганҷи Қорун ва мулки обод дошта бошанд. Шоҳон агар ақл хоҳанд, майишату зиндагиашон хушку беранг мегузарад. Фарр атойи худост. Шоҳон ба ин чиз сарфаҳм намераванд. Гумон доранд ҳама чиз бо зару зўр ба даст меояд.
Шоҳзода Ох фаромўш кард, ки андаке пеш худро ақлбохта, тарсу ва ҳатто ба хоҷасарой ноошно вонамуда буд. Озод, баробар ва бемалол сўҳбат дорад кунун. Ва лаҳза ба лаҳза аз зеҳн гузаронад, ки чаро инони суханро ба дигар тарафҳо тобад, аз фоҷиайи бузург чизе напурсад. Яқин қаноат карда ба тахмини Сосони ҷосус: «А, чаро?» беихтиёр аз забони ў шунида шуд ва вазир ба рўйи ў нигарон монд, ки сўҳбат бар он набуд, ки шоҳзода чунин суол кунад: «Чӣ чаро?» низ пурсид хоҷасарой. Ох чизе гуфта натавонист, мутаҳаййир пурсид: «Яъне чӣ?» Китфон дарҳам кашид вазир: «Муаммост».
— Чӣ муаммост, хоҷасаройи бузург?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо