Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷасарой сар бардошт ва дид, ки шоҳзода ҳанўз сар ба зону дорад. Бархост то наздаш равад.
Фикре дошт, ки баробари дидану ба оғўш кашидани Ох шодмонӣ кунад, шодбош гўяд бо пирўзӣ, вале намедонист, ки чун пазирад шоҳзода. Шояд дар ҳақиқат ғамӣ бошад, зеро марги бародарон баройи бародар сабук нест. Шояд нафаре миёни эшон буд, ки Ох дўсташ медошт.
Шоҳзода чун шарфайи пойро шунид, сар бардошту дид хоҷасаройро, аммо бовар накард, бовар накард, ки хоҷасаройи бузург аз пайи ў омада бошад. Дил кард, ки барҷаҳаду парад ҷониби ў, вале беҳ донист, ки худро ба девонагӣ занад. Ҳамчу буме, ки рўзона набинад, сўйи хоҷасарой нигараду набинад. Аз ин рў на саломе, на ҳарфе, на ҳаракате. Балки хоҷасарой одоб кард:
— Шодбош мегўям шоҳзодаро!
Шоҳзодайи карахт ҳамчунон ноҷунбон буд.
— Шодам, ки шоҳзодаро зиндаву саломат мебинам!
Сар ҷунбонд шоҳзода. Хоҷасарой рў ба рўйи ў бозистод ва ҳайрон буд, ки чаро шоҳзода аз омадани ў дилгарм ва шодмон нест. Намуд, ки шоҳзода ақлбохта ва гирифтори ғами хештан аст. Вале хоҷасаройро равшан набувад, ки ғами бародарон аст ё як фиребест.
— Офарин шоҳзодайи шуҷоъро! – хитоб кард вазири доно, ки шояд кушода шавад шоҳзода.
Ох дарёфт, ки ишорайи хоҷасарой бар чист, бо вуҷуди он дидааш дигаргун нашуд, то асрор ҳувайдо нагардад. Ҳамчунон менишаст тори тахтасанг, чунон ки бо хоҷасарой ноошност, ҳарфи гуфтанӣ надорад. Чунон вонамуд мекард шоҳзода, то хоҷасарой яқин кунад, ки ақл бохтааст. Вале вазири доно медонист, ки вонамуд мекунад шоҳзода, баройи ҷалб кардани ў пурсид:
— Чӣ хабар аз Сосони ҷосус, шоҳзода?
Ох дар дил як қад парид, ки чӣ гуна ҷойи ҷонашро дарёфт хоҷасарой. Чун тифли гунаҳгор нигарист сўйи ў ва намедонист чӣ бигўяд:
— Чӣ шуда бо ту, шоҳзода? Чаро ҷавоб намегўйӣ? Ё дилҷамъ найӣ аз ман?
— Дилҷамъ, хоҷасаройи бузург... аз фоҷиайи бузург дилноҷамъ ҳастам. Хаёлам Сосони ҷосус дунболи ман аст, ҳамаро донад ва рўзе ба шоҳ бирасонад.
— Гумон надорам, шоҳзода. Воҳима пахш карда туро... Агар ту аз ў ҳарос дорӣ, чаро танҳо гардӣ? Дар кўҳпора касе нест, то ҳимояат бикунад.
— Худойи кабир нигаҳдор, хоҷасаройи бузург мададгор...
— Офарин, Ох! Ман ба ақлу диловарийи ту шубҳа надорам.
Танҳо, ки «фоҷиайи бузург»-ро сомон кардӣ, аз ўҳдайи нигаҳ доштани тахту тоҷ низ хоҳӣ баромад.

пешина
аз 390
навбатӣ