Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

зири дарбор, наметавонад сахт гўяд ва сахт нигарад. Хоҷасаройи кинавар ифодае ё ишораеро сарфи назар намекунад.
Майгусорӣ доштанд ёрон, базму тарабу хушнудӣ мекарданд дарбориён. Ягона базми дарборӣ буд, ки сипоҳиён зиёд набуданд ва бесипаҳсолор мегузашт. Зеро ҷилави саманди рўзгор дар чанголи хоҷасарой буд. Ў пароканда карда буд фавҷи хосайи шоҳ Ардашери II-ро, то бо сарбозони кирояву зархарид забон ёфта овард накунанд ба сари вазиру шоҳи ҷавон. Ҳама сарпосу посдоронро иваз карда буд ҷуз пардадори пурриш, ки дар ҳама замонаҳо, андар аҳди подшоҳони гуногун якрангу якмаром хидмат дошт ва ҳеҷ гоҳ ҳарфи хоҷасаройро ду накарда. Чун Ох – Ардашери III ҳанўз ёрони хосайи хешро надошт ва фавҷи баргузида муҳайё набуд, дар базм бештар касоне ҳузур доштанд, ки хоҷасарой пазируфта буд.
Шоҳи ҷавон чандон ба ин чизҳо сарфаҳм намерафт, зеро Охро баройи ба тахт нишастан ва давлатдорӣ кардан наомўхта буданд.
Баройи майхорагон фарқ надорад, ки дар аҳди кадом подшоҳ май мехўранд. Вале вазири донову маккор ҳама чизро дар тарозуйи ақлу ҳасад, эҳтироми хеш ва бухлу кина вазн мезад...
БаНди НЎҲУМ
Ҳанўз шоҳи ҷавон дар дили халқ маъво нагирифта, мардум рў тофтанд аз шоҳ Ардашери III, ки мойиндар ба занӣ хост. Вале Охи худройу худкор парво надошт ба чунин миш-мишҳо, зеро Гулгун меарзид ба набарду овардҳо. Армандухти зебо хушнуд набуд ва намешукуфт гули орзуяш. Чун писардор шуд, буду набудро фаромўш кард, гўё чизе нашуда. Писарро Аршак ном ниҳоданд. Бузург мешуд Аршак ва шоҳ Ардашери III ғусса дошт, ки рўзе писараш нафаҳмад қиссайи бо бародарон кардайи Охро. Гулгун ҳоло ҳам баройи шоҳ дил кушод ва чеҳра хандон дошта наметавонист, буғзе пайдо мегашт ва гулўяшро мегирифт... Танҳо вақте ки шоҳ баройи пахш кардани исёни мисриён рафт, Гулгун чизеро гум кард ва дарёфт, ки ба Ардашери III одат кардааст ва бе шоҳи ҷавон зистан надорад. Чун Ох шўриши Мисрро фурў нишонда, балвогаронро асир гирифта ба Бобулистон овард, пасон майли Экбатон карда ба дидори зану фарзанд расид, Гулгун ўро дигаргуна пазируфт.
Хуррам гашт шоҳ Ардашери III ва пиндошт гиреҳи ҳама гуна нохушиҳо кушуда гашт.
Шоҳ баъди сафар Кўшки Гардонро зиёрат кард чун муқаддасгоҳ. Сипас зану фарзандро ба он ҷо овард ва фармуд, ки азиз доранд он ҷоро, зеро Ох ба чизе расида бошад, ҳамин чархи даввор расонда. Гулгун, ки қиссаҳоро медонист ва ҳоло, ки ба шоҳ одат карда ва дўсташ дошта буд, баройи эҳтиромаш, ҳар чӣ гуфту фармуд, пазируфт. Фурсатҳо баъд гўё аз рўйи нодонӣ дархост кард, то асбоби гиромидошти кўшкро бигўяд. Шоҳи худком ҷилави сухан ба дигар сў метофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо