Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«— Ту аз ман ҳеҷ чиз дареғ мадор, Мино. Баройи ту ҳама корро кунам... ҷон ба гарав монам, вале вақте ки аз ту пурсон шаванд, аз қавлат нагардӣ».
«— Кӣ пурсон мешавад?»
«— Шояд шоҳ, шояд вазир... Гўй, боз киҳоро бад бинӣ аз бародарон?»
«— Тақрибан ҳамаашон баданд, чашму нигоҳи бад доранд...»
«— Ту нозанинӣ, Мино... рашк мебаранд бародарон!»
Ва Ох биомад назди падар, на чун фарзанди нозгунҷ, балки чун хидматгор, биафтод ба пойи тахт ва бибўсид замин, то Ардашери тоҷбарсар ҳол бипурсад аз ў.
— Бихез, Ох! Сазовори ту нест чунин заминбўсӣ. Ту фарзанди ман ҳастӣ ва туро пазируфтам миёни фарзандон, то ростгўй бошӣ ва вафодор.
— Ҳамин тавр ҳаст, падар... Аз ин рў наздатон омадам, то хабари тоза бигўям.
— Бозгўй!
— Аз хунам гузаред, падар...
— Чӣ муаммоест?
Пеш рафт Ох. Бинишаст канори маснад ва сар андохту гирист.
— Гиря аз баройи чист, Ох?
— Падар, ҳар писар шуморо азизу гиромист...
— Оре, Ох.
— Ва ман намехоҳам баройи яке дигареро ҷазо дидед.
— Ҳар кас мувофиқи амал кайфару подош гирад, Ох.
— Охир тифли маъсум мурд, баройи ў дигареро… ин маъние дорад?
— Хабар овардӣ ё насиҳат кардан омадӣ?
— Хабар овардам, падар, лекин аз гуфтанаш метарсам.
— Бигўй!
— Нўшин карда ин корро...
— Нўшин?!
— Бале, падар...
— Зеро ба ҷуз Нўшин касе дар андешайи тахту тоҷ нест.
— Чӣ донистӣ?
— Мино низ донад инро ва боре ба ў гуфта, ки «Ҳайф шудӣ назди шоҳи пир».
Шоҳ ҷасту бархост. Сурх шуду дам кард ва андар сараш меомад, ки ҷаллодро хонад. Фарёд то гулў ғулғула дошт, сари забон буд, боз худдорӣ мекард. Гом мезад ба ҳар сўй.
Ох сар андохта буд. Зери абрў гомзанийи шоҳро мушоҳида мекард, ки қавист ва ё калаванда. Пай бурд, ки беқарорӣ доранд пойҳояш. Биларзид андоми Ох. Мабод, ки масъала баракси ҳол рух диҳад.

пешина
аз 390
навбатӣ