Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ин кори туст, Ох! Чаро ба фарзанди бузург тўҳмат задӣ? Ў валиаҳди ман аст. Ўро сатрапи Миср мехонам... Аз рашк тўҳмат бастӣ ба пойи ў».
Ба танг омад дили ў аз ҷавоб нагуфтани падар. Чизе андар гулўяш андармон шуд ва бойист, ки бо фарёд барояд... Гумонаш пештар аз падар фарёд бояд бизанад. Ва кафид падар:
— Агар рост аст, сараш меравад, агар дурўғ, сарат!
— Оре, падар...
Беихтиёр гуфт Ох, ки овозаш меларзид. Пой аз гомзанӣ боздошт ва якбора ҷониби писар нигарист шоҳ. Ох тарсид.
— Чаро ларзад овозат?
— Чун наларзад, падар? Нўшин нахустфарзанди шумо, бародари бузурги ман аст.
— Гумон дорӣ, ки гуноҳи ўст ва ё тўҳмати Зулайхойист?
— Гумон касро ҷудо кунад аз имон, аз ин рў посух гуфта наметавонам, падар.
— Бирав ва ҳушёр бош.
Вале Ох карахт буд. Гўё ҳарфи падарро нашунид, ки намерафт.
Ва ё як навъ озмойиш пиндошт аз ҷониби падар. Зеро чашмдор набуд, ки чунин сабук ҷавобаш медиҳад. Ў худро сайди бадомафтода мепиндошт, ки умеди раҳойӣ надошта бошад.
Ох мебаромад аз диж, вале бовар надошт, ки раҳо гашта бошад аз доми бало...
Миноро оварданд назди шоҳ Ардашери II. Мино ба шоҳ менигаристу ашк мерехт, ки лахти ҷигари эшонро бурида пеши саг афканданд. Пиндошт, ки ба оби чашми ў дили шоҳ месўзад ва баробараш сиришк ҷорӣ мешавад аз дидагонаш.
— Чӣ шуд? – хунук бипурсид шоҳ, ки чӣ шуданашро намедониста бошад. Мино посух гуфта натавонист, баракс карахт шуд ва ҳайратзада, танҳо ашки шорони рухсораш ҷон доштанашро гувоҳ буд. Марги фарзандаш он қадар ўро накушта буд, ки пурсиши сарди шоҳ. Мино натавонист садо кунад ва ё бо ҳаракоте матлаб бифаҳмонад. Хомўшиаш ҳама рози ўро ифода мекард ва хаёлаш шоҳ аз чунин аҳвол ҳама чизро пай мебараду дарк мекунад, баробари ў ғусса мехўрад, дилдориаш мекунад...
— Гумонат аз кист?
Чунин пурсиши шўро чашмдор набуд Мино. Сар афшонд. Гўё ба худ омад ва посух дод:
— Кори яздони пок Аҳура Маздо... Лозим будааст, гирифт.
— Пас ин кори туст?!
Сахттар биларзид Мино ва яқин кард, ки шоҳ бо чунин оҳанги гуфтор аз қайди никоҳи хеш раҳо хоҳад кард. Вале шоҳ Ардашери II пеш омад, даст бар гесўйи ў зад ва сар бар китфаш гузошт. Мино, ки чун шишайи чароғ тафсида буд, гўйӣ аз расидани қатрайи оби сард кафид ва шоҳро бедор кард, ки садо баровард:

пешина
аз 390
навбатӣ