Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«— Андешайи ман низ чунин аст хоҷасарой. Ман дар симойи ў бисёр нишонаҳойи давлатдории сулолайи ҳахоманишиёнро мебинам».
Ох намоз овард сўйи падар ва тахти ў, вале ҳини саҷда на дар борайи падар, балки аз гуфтору рафтори хоҷасарой Боҳуй меандешид, ки чаро вазири доно ба ў чунин некӣ мекунад.
«— Миннатдорам, падар... Шуморо шодбош мегўям, вазири хирадманд... Вазифайи мушкил фармудедам. Аз ўҳдайи ин кор мебаромада бошам?»
«— Мебаройӣ, Ох. Агар падар дар ҳастии ту чунин қобилият намедиданд ва писандашон набудӣ, нафармудандӣ чунин вазифаро.
Зеро миёни бародарон эътиборат зиёд аст ва шоҳам ба ту бовар доранд, зеро ки дурўғ нагўйӣ.»
Зи нав таъзим овард Ох ва зону зад назди падар.
Андар замири Боҳўй шарорае ҳосил шуд, ки шоҳзодайи итоаткор рўзе ба кор ояд.
Ва шоҳзода бо иҷозати эшон бирафт аз пайи кори хеш, то пайдо кунад «қотил»-и бародари кўчакашро... Назди Мино омад, ки рўкандаву мўканда буд. Вовайло мерафт. Кафи дастон сари зону мезаду ба сар. Чашмон пўшида хун мегирист.
«— Осуда бош, моиндар, ман қотили писари туро пайдо мекунам... Раммол гуфт, ки аз одамони дарбор кушта, киро гумонбар ҳастӣ?»
Мино бозистод аз гиря, оби чашм ғич кард фишурда мижгонро ва бо нўки остин бисутурд ашк. Нигарист ба рўйи Ох ва сар афшонд: «Намедонам».
«— Касе бадат нигоҳ карда буд, бад гуфта буд?»
«— На... Лекин бисёриҳо мегуфтанд, ки ин гарди хазина меросхўр мешавад».
«— Кӣ?»
«— Бародарони бузурги ту».
«— Ман қотили писари туро пайдо мекунам, моиндар».
«— На, ту пайдо карда натавонӣ».
«— Чаро»!
«— Зеро ту низ ба тахт нишастан хоҳӣ».
«— На. Ту бигўй гумонбаратро, боқӣ кори ман аст».
«— Бародари бузурги ту Нўшин боре бо ман ҳарфҳойи пасту баланд гуфта буд».
«— Чӣ гуна ҳарфҳо?»
«— Гуфта буд, ки ту зебо ҳастӣ, барно ҳастӣ, ҳайф шудӣ бо он шоҳи пир».
«— Волло, рост гўйӣ?»
«— Волло, рост гўям».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо