Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БаНди ДУВОЗДАҲУМ

Ва Искандар маҷлиси шароб хост. Ва маҷлиси шароб сохтанд.
Бо хоҳиши Устод Коллисфени таърихнигорро низ хонданд ва паҳлўйи Арасту нишонданд. Нафарони горди шоҳӣ, сипаҳсолору сипаҳбадон, вузарову ҳакимону табибону ситорашиносону устодони шоҳи ҷавон ва беҳтарин фардони Мақдуниё гирд омада буданд. Танҳо модари шоҳи ҷавон Олимпиадайи якраву якрў сар кашида буд аз ин базм. Зеро яқин дошт писараш маҷлиси шароб сохта, нақшайи ҷанги Порсро бикашад ва баройи дўсту душман сари мастӣ ҳамаро ошкор бисозад. Медонист, ки душманони шоҳи ҷавон кам нестанд ва душманони шаҳбону низ зиёданд, ки ҳама душмани писари ў хоҳанд буд дар айёми овард. Дояйи Искандар Ланикайи меҳрубон, ки аз баройи писараш Протей ва бародараш Клит ин ҷангро намехост, низ паҳлўйи шаҳбону буд ва ўро дилдориву дилбардорӣ ва талқин мекард, то ба пойи шоҳи ҷавон бипечад ва ўро боздорад аз ин роҳ ва пасон хулоса мекард:
— Албатта шумо фикри худро доред, шаҳбону, ба назари ман дар ин базм ҳозир бошед, хубтар аст. Бояд он ҷо андешаатонро гўед, шояд сарони ҳарб шуморо ҷонибдорӣ кунанд ва Александр аз ройяш гардад.
— На! Александр аз ройяш намегардад. Родмардон якроҳа ва якрў мешаванд.
— Муҳобот накунед, шаҳбону... Родмардон вақте якроҳу якрў мешаванд, ки донанд масъала ба суди эшон ҳал гардад.
— Шумо шубҳа доред ба родмардийи Александр?

— На... ҳаргиз... Ман Александрро дар назар надорам...
— Ба ҳар тақдир Александрро аз ин роҳ бояд боздошт... вагарна олам хароб ва худи ў нобуд хоҳад шуд...
Вале даҳ қадам он тараф базми Искандарӣ барпо буд. Нафас ба нафас мепечид, аммо ҳарф ба ҳарф намепечид. Дуди димоғҳо ба сақф дакка мехўрд, садоҳо девору шифтро тарконданӣ. Чунон буд, ки ҳама мегўянд, касе касеро намешунавад. Сипаҳбадони кўҳансол ҳайратзада ва сари хеш бурданӣ буданд аз ин мавзеъ, вале тоқат доштанд, ки оқибати он чӣ гуна хоҳад буд... Арастуйи бузург баччагийи Искандарро ёд меовард, чӣ ҳаваси шунидани афсона доштани ўро дар ҳотир дошт ва муқойиса мекард, ки чӣ зайл инсон дар як муддати кўтоҳ метавонад ин қадар тағйир ёбад.
Чашмони Устод худ аз худ баста мешуданд, то чизеро набинанд, аммо гўшҳоро бастан осон набуд, шўр, гуфтор, мағал, таронахонӣ, ҳуштакзанӣ, покўбӣ – ҳама баробар мағзи сарро хароб мекард.
Зуд-зуд меҷунбид Устод ва Коллисфени таърихнигор низ ҷунбида, якпаҳлў гашта, нороҳатийи Арастуро мушоҳида мекард, аммо чизе намепурсид...

пешина
аз 390
навбатӣ