Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онсўтар шоҳи ҷавон нишаста бар авранги оддиву муқаррарӣ, ки гўйӣ баройи чунин ҳолатҳо аз чўби хаданг сохтаанд ношикастанӣ. Чашмонаш роғ мераванд ва андар гавҳараки он Арасту нишаста. Майнайи ў хуб кор мекунад ва мебинад, ки Устод наздики наздик аст андар дидааш. Ва ёд меорад, ки чун муштоқи дидори Устод мешуд, то фаро расидани рўз ва дидани ў. То зудтар афсонаҳойи ўро шунавад, аз қиссаҳойи диловарон огоҳ гардад.
Шунидани афсонаҳо интиҳо надошт ва сад бор такрор мешуд, то шевайи гуфтори Устод дар гўшҳояш абадӣ боқӣ монанд. Ва ҳоло миёни ғалмағалҳо садо медиҳанд гўшҳояш. Ба гумони ў лабҳойи хомўши Устод садо доранд, афсонаҳоро такрор мекунанд ва шавқи Искандар зиёд гашта, сўйи Устод тохтан мехоҳад, то бисёртар шунавад афсонаҳойи ўро... ҳамин зайл буд: шогирд бисёртар шунидан мехост афсонаҳойи ўро ва бештар назди ў мерафт ва ба Олимпиада рў меовард, то Устодро ба хонайи ў биоваранд ва он ҷо дарс гўяд баройи шоҳзода. Аз он ҷо ҳаваси модар зиёд шуда буд ба дидори Арасту. Чу шамшер даст ронд Искандар, вале чизе ба забон оварда натавонист. Ҷондорони ў пай бурданд, ки чизе мехоҳад шоҳи ҷавон, аммо касе чизе нафаҳмид ва ёройи пурсидан ҳам накард. Шоҳзодайи мисрӣ Биталомус гумон кард, ки шоҳи ҷавон ҳамаро сар задан мехоҳад, аз ин рў ба баъзеҳо ишора кард, то бароянд аз тарабхона... Ва сари Искандар хам, чашмонаш пўшида, мўйи фатилааш фаро гирифта сару рўяшро, сукут дорад.
Гумон, ки маст шуда андар сабқати майхорӣ бозиро ба Протейи тановар бохта бошад. Касе намебинад, ки ў чӣ гуна ангушт мушт карда мефишорад, дандон месояд. Илло худову худ касе огоҳ нест аз ҳаяҷони ботинийи ў. Гўё базм нест, ғалмағал нест, бухору дуди даҳон нест. Озурда аз касе менамояд ва гирифта аз чизе...
...ва якбора сар бардошт, чашмони махмураш аз шўълайи чароғ дурахшиданд. Ин дурахш ба дидайи Устод бархўрд ва пиндошт, ки худойи барқ Зевс дар чашмони ў нур изофа карда. Гардан тофт Искандар сўйи Арасту, ки нигоҳи ўро дарёфта бошад ва огоҳ шуда, ки Устод асрорашрро ҳувайдо месозад. Вале ба ҷойи гумон андар симойи ў шоҳи ҷавон нури илоҳӣ дарёфт. Гўё Устоду шогирд алъон шинохтанд ҳамдигарро ва донистанд кӣ будани хешрову якдигарро. Искандар мастона кӣ будани ўро яқин кард:
«аз тухмайи худоён». Ва боз нигарист сўйи ў: «кӣ будани маро бояд ў донад... Оё рост аст, ки ман аз мори сафед Юпитер ба дунё омадаам?... Модарам ҳеҷ гоҳ қойил намешавад ба ин... Ту аз дудаву дудмони Зевс, мегўяд... вале намефаҳмонад, ки худаш аз ин тухма аст ё падарам... Юпитер дар шакли мори сафед дар шабистони ў даромада бо ў пайвастааст мегўянд...

пешина
аз 390
навбатӣ