Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бале... Агар сарат ба осмон расад ва поят рўйи ҷаҳонро ба зер бигирад, набояд модарро ранҷонӣ.
— Ман аз ў узр мепурсам...
— Яъне, фикри ҷанги Порсро аз сар дур меандозӣ?
— На! Ин орзуву муроди ман аст. Ҷанги Порс ногузир аст ва рафтани шумо ба ин ҷанг ҳатмист.
— На, Александр... ба ин ҷанг рафтани ман ҳатмӣ нест. Ман дар Юнон бартар аз ҷанг коре дорам...
— Чӣ корест, ки аз ҷанги Порс заруртар бошад?
— Коре, ки онро танҳо ман мефаҳмам.
— На. Имрўз дар ду даҳр заруртар ва бартар аз ҷанги Порс коре нест.
— Агар ҷанги Порс заруртар ва бартар мебуд, Олимпиада аз он рўй наметофт.
— Ҳама модарон мисли Олимпиада ҳастанд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки ҷанг бошад. Ақлашон намерасад, ки ҷанг мардони ҳақиқиро ба гетӣ машҳур мегардонад. Зевс, Геракл, Ахилл магар беҷанг шўҳрат ёфтанд?
— Шўҳрат танҳо аз ҷанг нест...
— Ишорайи шуморо мефаҳмам Устод, лекин ҳама Суқрот, Афлотун ё Арасту намешаванд.
Арасту надонист чӣ посух бигўяд, хеле музтар бимонд, ангушт бизад ба хонтахта, вазни тан ба пеш андохт ва бархост. Искандар низ боло шуд. Устод дарёфт, ки дар ҷунбиши ў ғалаёне ҳаст: хунаш ба ҷўш омада, нағунҷад андар пўсти хеш. Ба назараш расид, ки косахонайи сари Искандар ҷунбид ва мўйи фатилааш алвонҷ хўрд ва чун тоҷи ҳудҳуд фахид. Андар сари ў на фарру миғфари шоҳӣ, балки тарги ҷангӣ метобад, ҷиготу абрўяш гирифт.
Арастуро ваҷоҳат дигар шуд, дағалона аз назди шоҳи ҷавон бадар рафтанӣ буд, аммо худдорӣ кард; ба мадади фаросат андешайи шайтониро аз сар дур андохт, каме фурў нишонд ғазаби хешро ва баройи осуда нигоҳ доштани худ ва шоҳи ҷавон ҳарф дигар кард:
— Ман Коллисфенро тавсия мекунам, то ҳамроҳи ту биравад.
— Кист Коллисфен?
— Таърихнигор ва шогирди ман.
— Чунин таърихнигорон зиёданд... Ман мехоҳам, ки Устод бо мо бошанд.
— Афсўс, мувофиқ нест... Агар муродат ин аст, ки достони корномаҳойи туро бинависам, аз рўйи нигориши Коллисфен ва ҳикояҳойи худат менависам...
Искандар чун чароғи равғанандохта фурўзон шуд, дар лабонаш табассум дамид ва даст ёзид сўйи Устод.

пешина
аз 390
навбатӣ