Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Нури хуршед аз тирезаи офтоббаро ба чашму сару рўйи Искандари хоболуд бархўрда, бедораш кард. Сараш ғубор дошт, вале фазо беғубор буд. Дергоҳ дастон зери сар харпанҷа гузошта рўболо ба андеша рафт. Хобро таҳлилу таъбир кардан мехост, аз ўҳдааш намебаромад. Вай ҳайрон буд, ки чаро Ахилл бо душманонаш на, балки бо Устод ҷангид ва ўро қалам кард. Ахиллро надидааст, шунидааст, аммо Устодро дидаву медонад; аз ақида, рой, фикру андеша ва шуғлу мартабайи ў воқиф аст. Таънайи Устод андар сари ў гирд мегашт, ки «ту ҳаммилатон ва мақдуниёнро куштӣ...
ва фардо ба сарат бори гарон бор шавад, кӣ туро мадад кунад?»
гуфта буд... Рост гуфт: мақдуниён бо ҳам ҷангиданд... мақдуниён нобуд шуданд... сарбозони зархарид дар ҳама ҷой ҳастанд... ба эшон фарқе надорад, киро мекушанд... ба вазни сари бурида зарр гиранд... вале ба вазни сари Устод, ки ба фазо парвоз карда ба оташ бадал гашт, касе зар гирифта натавонад... Устод рост гўяд:
ман бояд фавҷу гурўҳҳоро аз мақдуниён созам... дар зарурату танг омаданҳо онҳо маро дастгир шаванд, нафурўшанд маро... Онҳо бисёр мурданд, онҳое, ки дар бар либосҳойи заъфаронӣ доштанд ба ранги дирафши Мақдуниё, ки Искандари аввал оварда буд...
фаровон мурданд онҳо... имрўз лозиманд онҳо маро... сарбозони зархарид тавонанд дар ҳар лаҳза дигаргун гарданд, майлу рояшон дигар бошад... равонаш шод бод Искандари аввалро, ки халқи Мақдуниёро муттаҳид гардонида буд... давлат сохт... миллат сохт...
ва баъд?... ва баъд талоши нафс зиёд шуд... Пердиккаву Файлақус аз пайи шўҳрат шуданд ва овард карданд баройи молу сарвати дунё ва ба ин рўз расидем... магар Устод рост нагўяд?...»
— Александр! – дарро боз карда садо дардод модари ў ва андешайи писарро парешон кард ва як андоза сахт ҳам расид Искандарро: – Чаро ту то ҳол дар бистарӣ? Ту саҳархез будӣ...
магар нотоб шудӣ?
— Нотоб не, модар. Сарам сангину вазнин аст. – фармуд Искандари тезвир, то аз ҳолати нобоб хешро раҳо созад.
Нобобийи ҳолати Искандар он буд, ки бо либоси низомӣ хуфта буд ва надониста, ки чӣ гуна бо чунин аҳвол ба ҷойгаҳ даромада.
Барои модар, ки ўро ниҳоят озода ва олӣ тарбия кардааст ва дояҳойи хоса пазируфтааст, писарро дар чунин ҳол дидан ногувор аст.
— Бибаро, ман мехезам...
— Акнун ту мардак шудайӣ, шарм медорӣ дар назди модар аз ҷойгаҳ берун шавӣ.
— Бале, модар, ман бараҳна ҳастам...
Модар баланд хандид:
— Бараҳна ҳастӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо