Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Бале, модар бараҳна ҳастам, – рўкашро ба сар кашида гуфт писар, то модар либоси низомийи ўро набинад. Олимпиада дарёфт, ки хиҷолат мекашад писар, илоҷ ёфт:
— Ман рў метобам, ту зуд бихезу либос бипўш.
— На. Баро, модар. Чунон ки фармудӣ, ман дигар кўдак наям.
— Саҳеҳ... Зудтар бипўш либосатро. Ман баъди як соат меоям, сари наҳор сўҳбат мекунем, ҳарфи зиёд ва зарур дорам.
— Ман низ ҳарфҳо дорам модар, – таъбири хоб меҷуст Искандар.
Шоҳи ҷавони тановар ба зудӣ барнахост, ҳоло ҳам дар банди хобҳойи рўъёйӣ буд ва андеша мекард, ки чаро Устод дар чунин ҳол афтод. Бимурду бизист; нур гашту оташ ва «ман беҳуда ғазаб кардам ба ў. Акнун ба модар бигўяд... ё нагўяд?»
Паррида хест. Либоси низомӣ бадар кард. Берун баромад.
Дасту рўй бишуст. Пасон хешро дар ойина дид. Ришу мўйи сари зиреҳтобаш хушаш омад. Болид ба хеш ва зуд ба хонайи хоса даромада сару либоси шоҳӣ бипўшид ва дояйи меҳрубон, ки ҳоло ҳам Искандар барояш кўдак буд, чоштнаҳор овард. Чоштнаҳор баройи ду кас буд. Искандар такпурсӣ накард. Шояд Олимпиада бо ў хоҳад чоштнаҳор хўрдан. Иштиҳойи Искандар баста буд, нигоҳ ҳам накард ба овардайи Ланика. Чизе лозим буд, ки ҳам сари гирифтаашро бикушояд ва ҳам баҳри дилашро. Ин чиз на бо роҳи меъдаву нафс, балки аз бурун бояд дигар мешуд; ба назари ў худоён бояд кўмакаш бикунанд. «Зевси барроқ бояд мадад бикунад»
– аз дил гузаронд ў ва нигарон бишуд, ки кай модар аз дар ворид мегардад, то хоби субҳонаашро бигўяд ва таъбир шунавад.
Искандар ба чашмонаш бовар намекард, ки ин ҷавонзани ба хонайи хосайӣ ў ворид гашта Олимпиада бошад. Ин мўрмиёни фатиламўй, ки зеботарин ғизоли майдони марғро пеши назар меорад, ба зан монанд нест, балки духтараки наврасу навхостаест, ки шоҳзодагонро гирифтор ба ҳусну малоҳати хеш мегардонад.
Табассум ва дандонҳойи резаву радааш ҳуснафзун буданд.
Ў хандон ворид гашт. Либосаш ранги баҳорро дошт. Вале баробари дидани писар табассум дар лабонаш бишкаст ва рангаш дигаргуна гашт:
— Александр, чӣ шуд бо ту?
Искандар баройи он ки парешонийи модарро барҳам занад ва ў донад, ки бо писар коре нашуда, пеш омад, дасти модар бибўсид, зону зад наздаш. Вале модар ўро бардошт. Ҳарчанд медонист, ки зўри бардоштани ўро надорад, аз бозувони сангини писар дошта боло бардоштанӣ шуд:
— Бархез, ба шоҳон назебад зону задан.
— Ман пеши модари худ зону задам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо