Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳарфе намегуфт.
Хомўшиаш баройи Искандар сад забон буд.
«— Омадед, Устод?»
Устод посух надод. Чун шабаҳи руъёйӣ вазнин, пуртаҳаммул менигарист ҷониби шогирд, дарку дарёфтро ҳавола карда буд ба фаросати ў.
«— Фиристода овард шуморо?... Бароятон пайк равон карда будам».
Гўё Устод тасмим гирифта, ки чизе нагўяд баройи шогирд. Зеро ў ҳама ҳарфу пандро гуфта буд, баройи ў дарсу ибрат нашуд. Аз ин рў ҳоҷат ба такрор намемонад. Ба асби лоғару лаванд тозиёна задан суде надорад.
Яке ба сари Искандар зад, ки лаҳзае пеш Ахилл ўро шамшер зада чун хиёр ду қисм карда буд ва ў чун ба ҳам омад? Бадани шоҳи ҷавон ларзид. Мурғак дамид дар андомаш. Чун мурғи ба об афтида афшонд хешро. Ба худ омад. Шоҳ буданашро ёд кард.
Ба амр гузашт:
«— Ман ба ҷанги Порс меравам, Устод. Ту бояд бо ман биравӣ!»
«— На! Ман бо ту намеравам. Ман аз хунхорон хешро канор мегирам».
«— Меравӣ... Ман шамшери Ахиллро гирифтаам. Ҳар кас саркашӣ бикунад, сар аз танаш ҷудо мешавад, сараш ба осмонҳо меравад...»
«— На. Ту он касе нестӣ, ки ман ҳамроҳаш биравам. Ту ки ҳаммиллатони худ, мақдуниёни кўҳистониро куштӣ, ҳамайи онҳоро ба хеш душман сохтӣ ва андеша накардӣ, ки баройи Мақдуниё танҳо мақдуниён сўзанд. Чунон ки фарзанд ба марги модар. Мақдуниёро танҳо мақдуниён дўст доранд. Ту Юнону Отинро он қадар дўст надорӣ, чунон ки Мақдуниёву Пелларо дўст дорӣ. Хуни нофи ту дар Пелла рехта. Отинро баройи шўҳраташ ва чун шаҳри тасхиркардайи падар ва дубора тасхиркардайи хеш писандӣ. Магар ягон омада чун ту Пелларо дўст дорад? Аз ин рў мақдуниёни кўҳистониро нобуд сохтан лозим набуд. Рўзи марги Мақдуниё ҳамватанонат гирянд. Рўзи пирўзиву ҷашнаш низ ҳамватанонат хушнудӣ кунанд».
«— Ман туро баройи андарз нахондаам, Устод... Ҳар қадар медонистӣ, омўзондӣ, акнун зимомдор манам, на ту!»
Устод рў гардонд. Искандар шамшери барқпоши Ахиллро гирифт, то сўйи Арасту андозад. Дар они воҳид Устод оташ гашт ва паси пардайи тира ғайб зад.
Искандар ангушти ҳайрат газид. Шамшер биафтид аз дасташ.
Аз дунболи Устод тохтанӣ шуд. Вале пардайи тирайи ғафс садди роҳ гашта буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо