Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бархост шаҳ. Куртаи арўс гирифт, тори сар бурд, то пўшад...
Якбора курта ба замин зад ва фарёд кашид:
— Не-е! Гунаҳгор ман нестам, ки баромада равам! Дафъ шав!
Лаълии тори дар овехта зӣ-зӣ садо дод. Арўс ғунчатар шуд.
умед дошт, ки шаҳ аз феълаш мегардад, тараҳҳум мекунад ба ў...
— Хез, баро! Муттаҳам!
Аз оринҷҳои арўс дошта бардошт, то дарро лагад зада, кушода, ўро бурун афканад; пеши пои янгаҳои паси дар афканад ин шармандаро. Вале баробари бар қад бардоштанаш аз нафасу тафси бадани арўс дасту пояш суст шуд, мадори ўро бардоштан накарда, баробари арўс рўи бистар бознишаст. «Агар гуноҳи ўро бахшам?» Дар сараш ғалмағал шуд. Қувваи фикр карданро аз даст дод. Баъд худро дид, ўро дид... дид, ки ҳамон тани бепўсту бепарда дар оғўшаш беҷон аст: наҷунбад, нагўяд, нафас ҳам нагирад...
Якбора ғазаб кард, шўрид: ғазабаш бар он тани ба назар ин қадар поку тоза афзуд. Сўхт... Арўсро озод бардошта то дами дар бурд, дарро пуршаст бо пой зада, кушод ва тани бараҳнаи арўсро бурун афканд ва аз болои он гузашта, зери торикии боғ ғайб зад.
...Янгаҳои баумеди паси дар, дам ба дарун, арўсро куртаву эзор пўшонда, ба хонаи падар бозоварданд. Ҳама зебу зинате, ки биною таманно карда ба хонаи шаҳ оварда буданд, аз сару рўй ва тани арўс фурў рехта, бева нишон медоданд арўсро.
Ба ҷои тўю сур имшаб новақт ба хонадони Зуҳур яъсу навмедӣ ва ҳузн қадам ниҳод.
— Нориро оварданд! – ба гўши хоболуди шавҳар гуфт зан.
— А? – ба ҳарфи зан сарфаҳм нарафта пурсид Зуҳур.
— Нориро оварданд...
— Нориро оварданд? Барои чӣ?
— Намедонам...
— Намедонӣ?! Бояд бидонӣ!
Бедор шуд Зуҳур, аммо ҳуш дар сар надошт. Беҳушона корд аз наём кашид.
— Пеши потон мурам, аввал пурсед! – ба банди пои шавҳар печида, зорӣ кард модар.
Зуҳур по зада халос хўрданӣ буд, аммо зан маҳкамтар часпид.
— Ҷонам садқа, маро корд занед...
— Навбати ту ҳам мерасад...
Зуҳур бо зарби лагад, пой аз ҳалқаи дастонн зан бароварда, аз хона бадар рафт. Ошхона, айвон, оғилу каҳдон ва ҳар ҷоеро, ки одам қарор гирифта метавонист, дид, вале ўро пайдо накард.
Боз ба сари зан омад: «Куҷост духтарат?!»

пешина
аз 421
навбатӣ