Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин ҷо буд, зери айвон буд,– ларзон гуфт зан.
— Ков! Биёв! – наъра зад Зуҳур ва тозон ба хонаи нимбуд рафт.
Дар он ҷо низ духтарро пайдо накард.
— Меёвӣ, пеши ман меорӣ,– таъкид кард ў,– вагарна сари худата мегирам.
— Охир аз куҷо ёвам?
— Аз зери замин, аз осмон!
— Худоё... Боз Зарафшон нарафта бошад! — Фарёди талхи модар, ки синаи шабро шикофта буд, мижаи Зуҳурро хам накард.
— Гуфтам-ку... ёв! Ёв, то дигар рўзи равшанро набинад!
Зан барои он ки аз таҳдид халос хўрад, аз дарвоза бурун рафт, аз паи ҷустуҷўи духтар шуд, танҳо ба хотири он ки оташи ғазаби мардак паст шавад: «Норӣ, Нориҷонам! Куҷо шудӣ?» шеван кард модар, то садо ба гўши шавҳар дарояд.
— Ёфтӣ? – аз ҳавлӣ бурун нашуда пурсид Зуҳур.
— Не! – аз кўча ҷавоб гардонд зан.
— Муттаҳам! Ўро дар хоб дидӣ ё дар бедорӣ? – аз дарвоза баромада пурсид Зуҳур.
— Ман кўр не-ку?
— Кўр мебудӣ, хубтар буд... Безурёт мешудӣ, беҳтар буд.. Ин дарду аламро пеши кӣ барам!? Напурсидӣ, ки чӣ-ба оварден?
— Домод лучи модарзод бароварда пеш кардааст...
Ҳамчунон ки паси гарданаш шамшер зада бошанд, сари ў пеш афтод. Пойҳояш низ вазнашро бардошта натавонистанд. Лаби оби равон нишаст... Хурўсон бонг заданд. Дигар ҳама ҷо ором буд.
Гўё ҳама дар зери таъсири базму сури имшаба ба хоби фароғат рафтаанд. Ба назари Зуҳур танҳо Аваз бедор аст; Авази дузд.
Ва ҳоло бимаш аз он, ки духтарро танҳо дида бошад, бардошту бирафт, чунон ки гург барраро...

...Бурҳон аз болои тани бараҳнаи Нории беруни дар афканда қадам гузошта, аз ҳавлӣ бадар рафт. Шабҳангом, норозӣ аз қисмати худ, миёни деҳаро гузашта, сўи Боғи Гарон, ки аз қабристон он тараф дар домани талу теппа ва ҳамвории ҷониби офтоббаро мавқеъ гирифта буд, раҳ сипарид. Ва аз роҳи боғ, ки қабристонро буррида мегузашт, дар ин ғояти шаб рафтан ваҳмангез буд. Ў қадам боздошт ва андешаманд шуд: «Мабод, ки мурдаҳо кафан ба сар бардошта хезанд». Даштро давр гашта аз домани боғот рафтанӣ шуд, вале аз раъяш гашт: қисмат ҳамин бошад, на ҷои тарсу на ҷои ҳарос. Ғазаб саропояшро месўзонд, дидаву дониста миёни гўристонро убур кардан хост. Миёнаҷои қабристон омад.
Воҳима пахш кард, раъша давид дар тахтапушташ; чунин намуд, ки мўи сараш тоқиро бардошт. Қабристон ғалмағал шуд ба назари ў, гўё ҳама чиз бар қасди ў, оромиро фаромўш карда, миёни қабрҳо мегашта бошанд: ҳам гўркобу шағол, ҳам калламушу гурбаҳои ваҳшӣ барои ғаши ўро овардан пеши роҳашро буррида, ин тарафу он тараф гузаранд.

пешина
аз 421
навбатӣ