Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бурҳон пиндошт, ки умри дидааш ҳамин аст. Имшаб зиндадаргўр шавад, фардо мурдаи талхакафидаашро аз буни кадом гўр пайдо кунанд. Миёни қабристон рост истод чунон ки мехкўбаш карда бошанд. Аз ҳо он хонақоҳи сари баландӣ, ки Бурҳон чи гуна азиз буданашро надонад, садои воҳимаангези бум меояд; чунон шум ва воҳимаангез, ки майнаи сари ўро сўроҳ мекунад. Пиндошт, ки зинда намонад; розӣ шуд ба марг. Гўё зодагон дидаю дониста ўро ба чунин ҳол оварданд:
«Мурдан авлост.»
Вале касе ўро тела дод. Як қадам пеш андохту бозистод ва баргашта ба пас нигарист, касеро надид. Воҳима гирифташ, ки каси ба чашм ноаён бо қисмати ў бозӣ дорад. Баланд дод задан хост. Натавонист. Чунон ки касе бо нафаси гургона дами ўро гардонда бошад. Паҳлўи гўри фурўрафта дароз кашидан хост, аммо хам шуда натавонист. Афсуншуда тофт... Боз каси пурқуввате тела додагӣ барин ду-се қадам парид. Дасту пой ва сару гарданаш ҳам ба кор даромад, ҳаракатҳо кард, аммо майли ба боғот рафтан накарда, паҳлўи гўреро авло донист. Паҳлўи гўри кўҳна, ки сангаш паҳлў зада буд, дароз кашид. «Кас набояд аз ин ҷо тарсад, дар қабристон зараргоре нест». Вале тарсид: ба гўшаш чунон расид, ки дар куҷое як торак баргусаст; ё дар майнааш ё дар дилаш. Оташ баровард. Сўхт. Арақ пахшаш кард... Арак хушк ва сард шуд. Хунук хўрд. Ларзид. Гўё дар яхистон хобида бошад.
Сардӣ бар устухон ва ҷону дилаш кора кард. Башиддат ларзид.
Ҷоғҳояш ларзида, дандонҳо садо бароварданд. Гўри кўҳна ба назараш шум тофт. Ҳоло мехост, ки ба ҷои гўр сандалие бошад, то танашро гарм кунад...
«Бурҳо-о-он!»
Садо омад. Садои шинос: овози модарро монад. Бурҳон ҷавоб надод. Зеро ба ў таълим дода буданд: кас баъди се бор ҷеғ задани номгирак бояд ҷавоб гардонад, вагарна аз забон мемонад. Номгирак чунон овозашро ба садои наздикон монанд кунад, ки кас беихтиёр бале гўяд. Се бор, чаҳор бор ном гирифтанд ўро. Бархост ва ҷониби овоз нигарист, касеро надид. Ва садои шиноси модар сабаб шуд, ки ў ҳама чизро фаромўш кунад: ларзиши бадан, дарду фишори дилу асаб, гўри кўҳна ва мурданро. Аммо ба дасти падару модар афтидан намехост, шарм мекард, гўё гунаҳгори шаби арўсӣ ў бошад. Аз шарми хеш, аз таъқиби падару модар гурехт; то девори боғот тохту қарор гирифт. Метохту гумон дошт, ки мурдаҳои қабристон кафанпўш аз паси ў медаванд. Ва чун нигарист, на кафанпўшон буданду на соҳибони овоз. Дар ин шаби ширмаҳтоб ҷуз хонақоҳи баландӣ чизи дигаре ба чашм намерасид. Ором гирифт, нафаси дароз баровард. Аз садои нафаси хеш ҳаросид. Дам ба дарун гирифта, гўш дод: танҳо садои хазонрези боғот ба гўш мерасид; садояшон ба пичир-пичири инсон монанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё