Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ҳам баданаш гарм нашуда буд, ҳоло ботинаш меларзид.
Садои ошно ларзиши ботинии ўро боздошт: «Бурҳо-он!» Ва ў даруни боғот рафт. То назди боғхона рафт. Инак садо аз миёни қабристон не, ҳо аз он гўша меомад, ки Бурҳон дил карда ба он канор рафтанӣ шуду ба худ марг хоста, миёни гўристонро убур кард. «Бур-ҳо-он!» боз омад садо; дар хонақоҳ акс андохта, ҷониби ў омад. Диққат дод. Дигар садоро нашунид. Ором шуд. Хост ба боғхонаи шамолпаноҳ дарояд.
Дари боғхонаро тела дод, кушода нашуд. Даст ба роғи миёни дару паҳлўдарӣ бурд, ки шояд занҷиру зулфин дошта бошад, занҷиру зулфин надид: «Шояд мехкўб карда бошанд?» дар дил гуфт ў ва сахттар тела дод. Дар якбора пас рафта, Бурҳон аз паи он ба боғхона даромад. Торик. Ҳавояш вайрон. Чунон ки ҳайвони бадбўеро ҷой карда бошанд. Истод. Миёни боғхона дер истод, то чашмаш ба торикӣ одат карда, чизеро бинад. Чизе надид. Садои нафаскашии хешро мешуниду бас. Баргашта ба дар нигарист.
Равшании ширмоҳтоб дами дар зада, пешгаҳи боғхонаро ториктар нишон медод. Ў бо нўги пой миёни хона, фарши буни девори паҳлў, паси дарро хабар гирифт, вале ҷуръати пешгаҳи хона рафтан накард. Миёни хона нишаст рў ба дар. Дам ба дарун гирифт, то нафасе ҳама чизро фаромўш кунад. Шунид, ки нафаси мушона меояд аз кадом самти хона. Дам ба дарун хеле диққат дод. Магар «муш» қасди ўро пай бурд, ки нафас набаровард.
Бурҳон сурфид, баланд сурфид ва аз чунин рафтораш ҳаросида, дар баданаш мурғак дамид.
— Кӣ?
— …
— Пишт! Тур!
— …
Тоқат накарда, аз дар баромад, ки гумҷўйҳо садо диҳанд ё на.
Хазон мерехт. Боди сабо онҳоро аз ҷое ба ҷое мекўчонд.
«Бурҳо-он!»
«Забу-ур!».
Бурҳон боз худро дами дар кашид: «Чаро Забур?» савол кард ва боз ба пешгаҳи боғхонаи торик нигарист. «Ў имшаб набуд, ки хоҳарро пушти асп савор карда барад. Маълум, ки ў низ гум аст. Чаро?»
«Забууур, ҳооо Забур!»
«...»
«Ба ту лаънатӣ мегўям! «
«Ман не-е» – базўр садо омад.
Бурҳон пуршаст бадар рафт, ки ин овоз ба овози одамӣ намонад.
«Бурҳоон!»

пешина
аз 421
навбатӣ