Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Забууур!»
Бурҳон дигар илоҷ надошт: на ба боғхона даромада метавонист ва на гурехта. Аз нўгчўбии боғхона дошта, худро пушти бом гирифт. Дароз кашида, аз лаби пардабом менигарист, то ба пешвози овозхо кӣ барояд.
«Бурҳо-о-он!» аз наздикиҳо шунида шуд. «Забу-у-ур!» аз дуриҳо омад.
Яқин кард, ки модараш ҳамроҳи касе ба суроғи ў ҷониби боғхона меояд... Ғур-ғур доранд, хазон кўбанд.
«Бурҳон!» – ин дафъа танҳо номи ўро гирифтанд. Аз дари боғхона сар халонда ўро ҷеғ заданд. Дарун даромаданд. Падару модар буданд, вале аз чӣ рў падар хомўш буду модар садо мекард:
«Бурҳон! Ҳо, Бурҳон!» Аз дарун пушти бом мезад садо.
«Ман не!» – садои ҷонхарош омад.
— Ё наъузан биллоҳ! – садои падараш буд.– Ту кистӣ?
— Ман не! Ман не!
— Чӣ ту не!? – пурсид падар, – Инсӣ ё ҷинӣ?
— Ман не, ман не! Ба Худо, ман не!
Шарифа аз гиребони ў кашида бурун овард.
— Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – пурсид усто Қодир.
— Ман не, ман не! – вазн ба замин андохта, по зад ў.
— Чаро ин ҷо пинҳон шудӣ?
— Вай мекушад...
— Кӣ?
— Вай... Бурҳон – девона!
— Чаро ў туро кушад? Чӣ гуноҳ кардӣ?
— Ман не-ман не! Ба Худо, ман не!
«Кори ҳамин ғўрамарг...» ба гўши шавҳар ғурунгид зан.
Ба сари усто ҳам зад, ки фарёди ў бебало нест.
Бурҳон тори бом тоқат карда натавониста, худро ба сари Забур андохт ва ба замин парчин кардаш. Сонӣ корди аз дасти ў паридаро гирифта, дур андохт...

...Зуҳур духтар аз тори бом фуроварда, аз милааш дар шохи дарахт овехт, дар шохи дарахти тут. Баъд чилчўбро гирифта заданро аз пой сар кард. Ҳар бор, ки зад, тани дар милаҳои чилбофти арўсӣ кашоли ў алвонҷ мерафт. Ў мезад: садо накарда, напурсида, лом нагуфта мезад. Ва мепиндошт, ки ҳар бори задан саволу ҷавоб мешуд ва медонист, ки аз чӣ рў мезанад. Медонист, ки чаро як шабро – шаби арўсиро рўз накарда, ба даргоҳ баргашт; медонист, ки арўси талабидаро чунин беҳурматона барнагардонанд.
Бинобар он мезад.
Арўс алвонҷ мехўрд, забон газида алвонҷ мехўрд, то фарёд назанад. Азоби бехи тораҳои мўй, азоби зарби чилчўб, озори забони газида ўро аз ҳадди тоқат берун карда натавонист. Ў чашм пўшида, дам ба дарун гирифта, сабурӣ мекард, то дар субҳдам фарёди баланд зада, ҳамаро безобита накунад.

пешина
аз 421
навбатӣ