Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар боре, ки аз зарби чилчўб алвонч хўрда, он тараф мерафт ва бозомада ба зарбаи нав дучор мешуд, аз чашмаш як даста оташ мепарид. Ва ягон-ягон чашм кушода ба падар менигарист, ба гурбаи ғазаболуд монанд шудани ўро медид; модари лаби марза сарпечидаро медид, ки аз нангу номус ва ё азоби духтар ёрои ин сў нигоҳ кардан надошт.
Модар дар дил чизи дигар хоста буд: мехост шавҳар заданро бас кунад, милаҳои бехашон озурдаву дардманд ва хуншорро кушояд ва агар тавонад, гуноҳи беақлонаи духтарро бахшад: ҷуръат надошт барои чунин хоҳишро гуфтан ва забонаш намерафт... Ба мардум чӣ мегўяд? Ба мардуми даҳанкалони деҳа, ба ёру ошноҳо, ба писхандчиёни маҳалла. Оё духтар аз ин хусусҳо андеша карда буд? Оё вақте ки ба гуноҳ кардан хоҳиш пайдо шуд, чеҳраи падару модарро аз ёд бароварда буд? Модар чунин андеша дорад... Ҳа-а...
шояд ҳоло, ки саропояш дар азоб аст, дар деги дард меҷўшад, аз ин хусус биандешад: «Ана, оқибати арўсбозӣ». Лекин «арўсбозиро»
ҷуз худашу «домод» ҷондоре надонад. Духтар арўс шуду ў домод ва шўхӣ-шўхӣ......
«Чаро рўидӣ? Аз шиками очат сарғалтон меомадӣ, намешуд?»
аз дил мегузаронд ў ва мезад. Нўги борики химчаҳои чилчўб мепариданд, мешикастанд. Вале аз духтар садое барнамеомад. Ў хикеро мемонд, ки дам карда дар он ҷо овехта бошанд; ё молеро барои пўст кандан. Ў даҳон мекушод ҳамчу моҳии беруни об; барои дарди бехи милаҳояшро сабук ҳис кардан даҳон мекушод ва ҳангоми даҳон пўшидан сахттар дард меёфт. Ва ў чашмон низ сахттар мефишурд. Модар чунин ҳолати духтарро дид, тоқат накард, худро пеши пои шавҳар андохт:
— Бас кунед, мардак! Мурд...
Зуҳур ба хоҳиши ў эътиборе надода заданро давом медод.
Магар монда шуд, ки «ҳаҳ!» гўён мезад.
— Пеши потон мурам, ҳоло чизе маълум не... Бас кунед!...
Зуҳур намешунид. Занаш, ки ба пои ў печида буд, илоҷе наёфта, занро пеши по зад, чилчўбро канор андохта, ўро лагадкўб кард:
«Ту кадом гўр будӣ, ки ў ба чунин рўз афтод?»

…Садои кушода шудани дарвоза омад. Зуҳур пой аз задан
боздошт. Омадани усто Қодиру занашро дида гурезон шуд ва
чашмаш ба Забур афтида пои гурез боздошт. Забурро дошта овардани онҳоро дида, ҳайрон монд ва сурфид. Сурфид, то занаш огоҳ
гардад, бархезад. Вале ҳоҷат ба сурфаи ў набуд, усто Қодир аз
дами дарвоза фарёд зад: «Мулло Зуҳур! Ҳо, мулло Зуҳур!». Зуҳур
боз сурфид, то онҳо донанд, ки ў дар ҳамин ҷост. Ва пеш рафт,
то онҳо пеш наоянд; дар шохи дарахт ҳамоил будани арўсро набинанд. Вале модар ин чизро андеша накард: ба пешвози онҳо рафтани шавҳарро дида, зуд хест ва назди духтар рафта хоҳиш кард, пойҳо бар дўши ў гузорад, то дардаш камтар бошад.

пешина
аз 421
навбатӣ