Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале аз Норӣ садо наомад. Торҳои таранги милаҳо сари ўро баланд медоштанд ва ба ягон сў афтодан намегузоштанд. Мурда ё зинда будани ўро донистан душвор буд.
— Вой, до-од! – ўро хомўшу беҳаракат дида, мурда пиндошта фарёд зад модар.
Онҳо ҳайрон монданд: усто Қодир ба он сў тохтан хост, вале Зуҳур намонд:
— Ҳоҷат не.
Усто Қодир Забурро фаромўш карда ва ба монеъ шудани Зуҳур нигоҳ накарда, зўран он сў лангон давид ва арўсро дар шохи дарахт кашол дид. Корди аз дасти Забур гирифта дар даст, рўи кунда баромад ва гиреҳи кокулони арўсро буррид. Арўсро боздоштанӣ буд, аммо мувозинатро гум карда, аз рўи кунда баробари арўс ба замин зад.
Модар худро ба рўи арўс андохта, гўш ба сари дили ў гузошт ва вовайло рафт. Шевану гуфтораш ҳамагуна фикру андешаро бартараф кард. Ў мисли духтараш беҳушу беёд гашта буд...
Усто Қодир фурсат меҷуст асрор ҳувайдо кунад, то дер нашавад. Гуноҳи марги арўс ба гардани ў бор нашавад.
— Гурехт! – садо омад аз дами дарвоза.– Дасти маро газида гурехт. Забур гурехт! – нидо дардод Шарифа.
Ва Зуҳури «бехабар» аз кори чаҳон, ки ба писараш эътиборе надода, аз паи усто Қодир баргашта буд, дўғ бар ў мезад:
— Шуморо кӣ гуфт, ки ўро аз дор гиред?!
— Шумо магар аз ў чизе пурсидед, ки ба дор кашидед?
— Шумо, ки дар ин ғояти шаб ўро аз даргоҳатон рондед, чӣ ҳоҷати пурсу посух?
— Пурсидан лозим буд... Дар ин дунё ҳам пурсанд, дар он дунё ҳам.. Дидед, чун гурехт?
— Кӣ?
— Писаратон!
— Аъ! – аз ҳуш рафт ў ва паҳлўи зану духтараш афтод.
Онҳо тарсиданд. Мурдабонӣ кардан мебод. Вале Шарифаи зирак яктоз ба ошхона рафта обу пиёз пиёз овард. Об ба рўяшон пошид, пиёз дар димоғашон дошт. Онҳо ба худ наомаданд.
Баъди фурсатҳо зани Зуҳур девонавор сар бардошта, дуру дароз бз усто Қодир нигарист ва пурсид:
— Чӣ гуфтед?
— Худаш гуфт, худи Забур гуфт!
— Не-е,– сар ҷунбонд ў. – Магар дунё охир шудааст?
— Охир мешудагӣ барин. «Дунё бар об аст» гўяд фолбин...
— Не-не, чӣ гуфтед?
— Худаш гуфт: «Арўсбозӣ» кардаанд.

пешина
аз 421
навбатӣ