Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй хо-ок бар сарам! – боз афтод модар.
Зуҳур ҳамчунон ки ба мурда ҷон ато карда бошанд, сар бардошта саволомез ба усто Қодир нигарист ва аз чунин фоҷиа шарм дошта, сар бар замин парчин кард, ки то қиёмат нахезад.
Арўс ҳоло ҳам бедаму дуд буд. Зани усто Қодир тамоми нафрату ғазабашро фурў нишонда, ба рўи арўс об зад, ба димоғаш пиёз дошт, паси гардану пушти гўшашро молид.
— Чӣ балое ба сарамон омад? – аз худ пурсид усто.
Модар боз сар бардошт. Магар ба худ омад, ки вазнашро пеш кашида ба нозанини хуфтааш нигарист, бовараш наомада сар такон дод ва аз фаро расидани субҳ шарм карда, чун пири замингир миёни дуто рост накарда, ба хона даромад.
Зуҳур ҷунбид. Сар бардошт. Хест. Вале ба касе нигоҳ накарда, сўи дарвоза равон шуд. Онҳо гумон карданд, ки бар асари Забур равад. Вале ў барнагашт. Як рўз гузашт, ду рўз гузашт, се рўз гузашт, ў барнагашт. Ҳар ду – падару писар беному нишон шуданд...
Духтар ба худ омад. Ҳамроҳи модараш. Аз беруни дарвоза баромадан номус мекунад..
Иморати сар кардаи усто Қодир нотамом монд...

СЕЛОБ

Ҳаво соф буд ва беғубор. Аз боло, аз паси кўҳи Гаҳвора як ҷангол пахтаи ғозида барин абре пайдо шуд ва онро бод ғоз-ғоз паҳн кард ва абр кўҳпораҳоро соя афканда, тиратар гардонда, осмонро фаро гирифтанӣ шуда, дудвор ба авҷи фалак сар кашид.
Вале нисфи деҳа ва аз рўди Зарафшон он тараф кўҳҳои рўёрў ҳама офтобӣ буданд. Садои тундар омад; чунон омад, ки тире абрро сўрох карда, ба ҳамон суръат фарқи замин фурў рафт. Сонӣ як алмоси фурўзон дар синаи абри тира «қисмат» навишт... Абри тира магар аз боло рафтан монда шуд, ки пойҳояшро нишеб карда, то замин расонд; борид. Деҳа монанди оина буд: як рў равшан, рўи дигар сирандуда. Гуфти амондарагиҳо он рўз дар деҳа ва кўҳсор қиёмати сағир шуд: аз Новаи Сурх сел омад, сел не, бало. Ҳама хасу хошок, чўбу чахс, сангу ғўт, устухону шохи ҳайвонот, мору сусмор, сангпушту тухму чўҷаи парранда ва ҳар чӣ дар он нова буд, рўфта ва пешбода овард. Пешопеши селоб селовардҳо бозӣ карда, чангу бод ба осмон хеста, деҳаро воҳима гиронд. Шайтанатбоде пештар аз селоб замину замонро ларзонда, шохи дарахтонро ба ҳам зада ва ҳар қадар меваю ғўрае, ки дар шохсорон буд, афканда, ҷониби дашт рафт ва аз пасаш сел омад; селе, ки гўйӣ даммаи ягон кўли азим канда, обаш якбора равон гашта бошад.
Аҳли деҳ ҷониби кўҳ шитофтанд. усто Қодир ба зану фар-занд фармуд, ки зудтар тори дарахт бароянд. Шарифаи чолок аз ваҳму ҳарос ларзида, баромада натавонист.

пешина
аз 421
навбатӣ