Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Падар фарзандонро тори дарахт баровард гурбаосо ва зуд фуромад, то занро низ барорад.
Дер шуд. Селоби азим аз тори камар нишеб шуда, пардаосо даҳони онро пўшонд. Сангҳои азим аз тори камар парида, бо вазну шаст аз маҷро баромада, ба бари адир ё ба харсангҳо бархўрда, қарор мегирифтанд. Шасти сел ҳамон шаст буд. Ҷазабаву боду шайтанат кард, ғуррида, гўё ки деҳаро зеру забар мекарда бошад, фурў мешорид. «Бало!»
Усто Қодир рафтори ин балоро дида ҳайрон монд, ки дар роҳи сел девор буд ё набуд. Ҳамчунон ки мерафт, пешандоз бурд. Онҳо аз буни хона омадани селро тамошо мекарданд. Тавонистанд шохи азими шикастаи чормағзро кашида ба даҳанаи паси бино хобонанд, то сел якбара гашта, буни таҳкурсии хонаро накобад. Вале сел ба боғ даромада, ба сарҷўю чўйчаҳо тақсим шуда палҳои алафу сабзавотро пахш карда, андаке дамаш гашт ва сангҳои вазнинро бозмонда, регу лои зиёдеро хобондаю ғелонда ба ҳавлӣ даромад ва сўи ҳавлиҳои дигар равон шуд; бо кўчабоғӣ ба роҳи калон баромада, доду фарёди мардумро бароварда, деворҳоро афтонда, ҳавлиҳоро регпўш карда, ба рўдхона фуромад. Аз он ҷо низ садои воҳимаангези рўд, садои ба ҳам задани сангҳои азим меомад, ки деҳаро меларзонд. Ғазаб буд, бало буд, ғазавотро мемонд. Рўрўи селоб бузу гўсфанду гову гўсолаю кундаи дарахтон меомад ва чизҳои дигар, ки аз ҳад зиёд... Қариб се ҳазор сол мешавад ба бунёди баъди яхбандии ин деҳа, вале чунин ҳолро касе надида ва нашунида. Аввалин бинои саргаҳи деҳкада, бинои сангии вайронаи таги тути хурусӣ буд, ки селоб ҳамвор карда, гил хобонда, ҳамсони замин гардонд ва ҷорӣ шуд поёнрў. Селобаи Новаи Сурх ҳавливу ҳарамҳоро зери рег гузошта, ба селоби азими рўдхона ҳамроҳ шуд, аз маҷро дамида, Санглохро фаро гирифта, поядевори боғи Зуҳурро кофта, афканда, инчунин ғаллазори канори рўдхонаро пахш карда, ба Зарафшон ҳамҷоя гардид, ки дар ин айём Зарафшон чандон гилолуда набуд...
Боде бархост, ки чангҳои дарахтонро афшонд; аз нав рўи деҳаро ғубор фаро гирифт. усто Қодир низ кўдаконашро ҳамчун бори амонат аз шохи дарахт фуровард. Шикастадил ба осебу зиёни селоб диққат дод: чордевори хонаи таваллуд шудааш наметофт, шоҳсуфаҳо наменамуданд; гилобаву рег бо марзаҳо баробар гашта буд. Боғу ҳавлӣ, роҳу раста – ҳама ҷо яксон метофт: сурх – гили сурх, реги сурх...
Усто Қодирро ба ҳоли худ монему аз Зуҳур хабар гирем:
Зуҳур шабе баргашт, ки ситораҳои осмон ҳам наметофтанд; шаби тира ва меғгирифта буд. Зуҳур баргашту Забур на... Зуҳур аввал хонабанд буд, сонӣ рўшод шуд ва ба рағми кору кирдорҳо
– сохтмон нимбуд партофта рафтани усто Қодир, аз куҷое усто овард ва гўё, ки ёв омада бошад, мардикор андохта, биноро буд кард, пасон дар кўчаҳо рух намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё