Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ба меҳмонхонаи ба бинову таманно созондааш меҳмонони «олиқадр» меомадагӣ шуданд; аз узди Самарқанд, волости Панҷакат, волости Киштўд ва ҳатто аз узди Хуҷанду губернияи Туркистон... Ҷуз Зуҳур касе намедонист, ки онҳо кистанду барои чӣ меоянд. Ба ҳар ҳол баъди чунин омаду рафтҳо Зуҳур қомат боло гирифта, китф бардошта, худро мағруру мутакаббир нишон медод ва аз дигарон як сару гардан боло. Аммо барои чӣ чунин рафтор мекард? Касе намедонист. Шояд барои ба усто Қодир нишон додан бошад? Лекин ин марди ҳунарманд ба кору бори ў эътибор ҳам намедод. «Зуҳур ҳамон Зуҳур аст, ки даюсиву чоплусӣ кунад». Аммо дар назари баъзеҳо одами дигар намуд –ба назари эшону муллои деҳа. Зеро Зуҳур савобҷў гашта, дар роҳи ризо худоиву қурбонӣ мекардагӣ шуд. Пасон дар ҳаққи ў мулло гуфт, эшон гуфт, авом гуфт, муриду гумоштағон гуфтанд ва Зуҳур худ аз худ эътибор пайдо кард. Дар ҳавлиаш асп пайдо шуд. Ў аҳли рикоб гашт.
Боде, ки чангу ғубори шохи дарахтонро барафшонда буд, ба гирдбоду тўфон бадал гашт. Аз чорроҳаи буни девори боғи Зуҳур гирдбоде бархоста, мисоли як сутуни азим дар ҷояш гирд гашту гирд, пасон гўё пой бароварда, рў-рўи роҳ равон шуд, чангу бод карда, миёни деҳа мерафт ва якбора рўи деҳаро қадам карда гузашт; ба адир часпид ва ҳамон зайл бо роҳи Сафедхок ҷониби Кафтархона рафт, ноаён шуд.
«Ин балои дигар» гуфтанд мардум. Ва ҳарду: селобу гирдбод як бало шуданд; овозаи шуми ҷанг омад... ва баъд... Баъди анҷоми ҷанг мардуми Кўҳистон низ ба доми бало заданд: нохост фармони император Николайи II дар бораи «сафарбарии бегонагон» ба корҳои ақибгоҳ эълон шуд. Мувофиқи фармон мебоист 250 ҳазор мардикор даъват карда мешуд, ки 38 хазораш ба дўши вилояти Самарқанд афтод. Дар вилоятҳо, уездҳо, волостхо, деҳаҳо рўихатгирии мардикорон сар шуд. Ғазое буд. Дар деҳаи Амондара низ ғазои азим ба миён омад: миёни дасту по Зуҳур арзи ҳастӣ кард:
камар баст ба хидмати Николай ва ҳама ўро «оқсақол» хонданд, ки то алвақт чунин лафз барои мардум бегона буд, чунин унвон аввал ба Зуҳур насиб кард. Ў саводе надошт, ки рўихат кунад. Ҳамроҳаш марде буд, бегона, тоторӣ мегуфт ва мусулмонӣ; мусулмониаш аз «бисмиллоҳу омин ва авлоҳу акпар» иборат буд. Як лафз ба тоҷикӣ мегуфт ва сад лафз ба туркиву тоторӣ. Гумон мекард ҳама ҳарфашро деҳотиён мефаҳманд. Алҳақ фаҳмиданд муроди ўро, лафзи «мардикор» ба ҳама маълум буд. Ва ў ба ташвиқот гузашт. Матлабу мурод фаҳмонд... Дар деҳа одам намонд... Як вақтҳо – солҳое ки «ёв омад» гуфта мардумро метарсониданд, ҳамон хел ҳама бору буна баста, хару хингил карда, ҷониби кўҳ рафтанд, танҳо онҳое монданд, ки ба Худо умед баста «тани ману тақдири ҳақ» гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё