Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва ҳоло касоне монда буданд, ки ба чизе умед баста, касеро пушту паноҳ медонистанд...
Касе бо касе машварат накарда, ҳар яке аз пеши худ тараддуд доштанд. Касе хоб накард: касе дар андешаи қарзи худро ситонидан ва ё қарзи касеро адо кардан набуд, балки ҳама гирифтори хештан, андешаи зану фарзанд шаби дароз бор бастанд; чизу чора бар аспу маркаб бор бастанд, ба сару дўш бардоштанд ва чун корвониён баробари тулўи ситораи Корвонкаш рахти сафар бастанд. Кўдаку гаҳвораҳоро низ бор бастанд, молҳоро пеш андохтанд. Кўдакон аввал хомўш буданд, сонӣ садо дардоданд, садои хоболуди онҳо садои ҳаргуна баччаи ҳайвонро мемонд, ки аз гуруснагӣ, танҳоӣ, нотавонӣ ба имдод мехонда бошанд.
Баъзеҳо адири Сурхок, баъзеҳо адири Сафедхок ва як гурўҳ Новаи Сурхро рост шуданд, то пушти кўҳ гузаранд рўз фаро нарасида. Чунон ки мардуми водии Зарафшон ба омадани Искандари Макдунӣ, ба омадани арабҳо, ба омадани муғулҳо ҳамчунон водиро вогузошта, ба кўҳу камар шуда буданд, аз рўи одат боз рахти сафар бастанд. Таърих шудааст ин ҳама: устухон, косахонаи сар, зарфпораву тангаҳои эшонро аз зери хок, камари кўҳҳо, ғорҳо, роғҳо, тарқишҳо, аз деворҳои вайронаҳо пайдо карда, хулоса бароранд ва пиндоранд, ки шохон чӣ хуш зистаанд ва омиён чӣ талхиҳо чашидаанд; силоҳ пайдо кунанд аз ҳафриёт; дар бораи шоҳон гўянд; аз хусуси лашкаркашу сипаҳбаду сипаҳсолор ҳикоят кунанд, вале касе нагўяд, ки гуноҳи мардуми бегуноҳ чӣ буд?
Гуноҳи Спитамон чӣ буд, гуноҳи Деваштич қадом буд? Муқаннаъ чӣ гуноҳ дошт? Гуноҳи тифли гаҳвораи Ҷалолиддини Хоразмшохӣ аз чӣ иборат буд? Ҳо, бесоҳиб аст олам, соҳибдоранд шоҳон, хуношомон, лашкаркашон... Бадро аз рўи Нек бояд шинохт, на Некро аз рўи Бад...
Гўё хонаи занбўри асалро вайрон карданд ва ҷонварон аз чунин марҳамати нобаҳангоми соҳибони «меҳрубон» дар ҳайрат монда, хафаву ноумед гашта, маҳрум аз нагҳати гулҳо, ба гирудори рўзгор чашм кушода, ваҷоҳати замонро пай бурда, ҷониби кўҳсор парвоз карданд. Занбўрон шоҳ доранд, вале мардуми Амондара монанди кўчиёни зўракианд: на сарвар доранд ва на ҷои рафт.
Онҳо бояд баробари чашми рўз кафидан дар офтобрўяҳои буни шахи Ҳисор, шахи Миёна ва шахи Гаҳвора чун чўгиён хайма зананд, вале онҳо аз бари шахҳо убур карда, ҳамчу кўчманчиёни Ибтидоӣ бар-бари адир, сар-сари қир, рў-рўи дара, қад-қади об боло мерафтанд. Гурўҳҳо ба ҳар роҳе, ки омада бошанд, дар Сойи Калон чу қатраҳои симоби парешон бо ҳам шуданд... Рафтанду рафтанд, ба сари ағба расиданд. Рўз шуду шаб...
Дар гарданаи ағба бори аспону харонро фуроварданд, дами фароғат заданӣ буданд, ки дар ҳамгашти кўҳи рў ба рў оташе фурўзон шуд ва сонӣ паиҳам дар ҳар ҷо оташ афрўхта гашт, чунон ки дар хонадонҳо баъди шом чароғ афрўзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё