Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Кўчманчиёни амондарагӣ аввал онро оташи чўпон пиндоштанд ва баъде ки дар чанд ҷой оташ равшанӣ кард, оташи ҷин гуфтанд. Ва дар таҳлука афтода оташ наафрўхтанд. Нахостанд, ки ин ҷо будани онҳоро донанд, вале метарсиданд аз садои моле, ки аз пас меояд; ба бонгу баъ-бўъ сирри онҳоро ошкор месозад...
...Ва пагоҳ диданд, ки тоифае на хона доранду на хайма, мисли эшон дар шамолпанаҳи шах бору буна андохта, эмин аз хавфу хатар чунон хобидаанд, ки барои фароғат омада бошанд. Ин ду тоифа ба назар ҳамчу лашкарони рўёрў метофтанд, ки размгоҳ интихоб карда, мунтазири навохтани шайпури ҷанг ҳастанд. Он «лашкар» амондарагиҳоро дид, ки хурду калон парида хеста, сароқир саф ороста ва дастҳо нургардони офтоб карда, болои чашм медоштанд, то кӣ будани лашкари ба тозагӣ омадаро бидонанд ва аз қасдашон огоҳ бошанд. Амондарагиҳо, ки ларзаи ҳарос аз танашон дур нашуда буд, пас гаштанро авло донистанд. Чунин рафтори онҳо ба Бурҳон хуш наомад ва бо падар машварат карданд, ки ба ҳар тақдир, ў рафта аз эшон шарҳи ҳол пурсида биёяд.
Мардум ба ин кор розӣ нашуданд ва усто Қодир чунин хидматро ба зимма гирифт... Ў равон шуд ва Шарифа аввалин бор забон бароварда, аз роҳ боздоштан хост: «Мардак, наравед!» Лекин усто Қодир ба ҳарфи ў гўш накард; адиру сойчаҳоро лангон гузашт ва бо машаққат рафтани ўро ҳама диданд. Аён бувад бо машаққат рафтани марди ланг, дар асл бардам асту чолок.
«Яке усторо гиранду кушанд...»
«Онҳо ҳам аз сарашон тарсанд...»
«Кӣ медонад: дар ин дунё ба касе бовар карда намешавад...»
«Шояд онҳо ҳам мисли мо гурехта, омада бошанд?»
«Ҳа-дия, ин мардикоргирӣ дар ҳама ҷо ҳаст!»
— Ман ҳам меравам, оча,– азм кард Бурҳон.
— Ой, бачча! Дунё амонӣ бошад, додот ҳама чизро фаҳмида меоянд,– розӣ нашуда гуфт модар.
Ва дар ин миён, ки усто Қодир ба он даста наздик шуда буд, ба пешвозаш сагон фиғон бардошта омаданд ва то соҳибонашон «тур-тур» гуфта тохтанд, ки сагҳо «меҳмон»-ро ҳалқа гирифтанд ва монанде, ки касе ресмони ҳалқадавакро мекашида бошад, ҳалқаи сагон торафт танг мешуд.
Амондарагиҳо аз ин сари кўҳ фиғон бардоштанд ва бар он қабила таҳдид карданд, то сагон боздоранд. Бурҳон тоқат накарда он ҷониб ҳавола хўрд.
Усто Қодир бо асои муттако гирифта сагонро таҳдид карда, дур гурезонд, вале онҳо аз тарс як пас гаштанду боз ҳамлавар шуданд. Гирудори сагон дер давом накарда соҳибонашон расида омаданд ва кучукҳои беодобро ҳар сў пеш карда, меҳмони нохондаро ҳамроҳ гирифта, гўё назди сарварашон бурданд. Бурҳон низ пуршаст ба он ҷо расида, дар балои сагон монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё