Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар аз ин ҷо дастак заду фиғон кард, ки сагонашонро боздоранд... Онҳо ҳамчунон карданд: Бурҳонро аз иҳотаи сагон вораҳонда, назди падар бурданд.
Ин ҷо амондарагиҳо дар таҳлука афтоданд, ки чаро меҳмонони нохондаро ба зудӣ барнамегардонанд. Дасту пои модар меларзид:
«Куштанд магар?»
Он ҷо кўдакону занон, ҳанўз ҳам сароқир истода, амондарагиҳоро тамошо мекарданд ва чунин тамошо дили ин ҷониб будагонро ба ғаш овард. Шарифа тоқат карда натавонист ба чунин тамошо ва сўйи ҳамдиёрон фарёд зад: «Дар баданатон гармӣ ҳаст!» Вале ба фарёдаш ҷавобе нагирифта, усто Қодиру писар аз қир памоён шуданд. Одамони он тоифа эшонро иҳота карда меомаданд. Омаданд ба назди амондарагиҳо. Парешон тофтанд, малўл буданд.
— Мо аз Боғи Мазор,– посух ба пурсиши амондарагиҳо дод пирамарди нуронӣ, ки риши риндона дошт ва идомаи андеша гуфт: – Мардумони дигар ҷо исён карданд. Мо, ки мисли шумо камқувват будем, ба кўҳ часпидем. Ман медонам, ки ба онҳо лозим нестам, дар ҳамон ҷо бошам ҳам, бо ман коре намешавад, лекин аз пои халқ намонам, гуфта омадам. Усмон Мерган наомад: дар болохонааш – ҳамон болохонаи шумо сохтагӣ, усто, шинак гирифта, шишт, ки касе наздик шавад, аз чашмаш меандозам. Масҷид ҷои г.. не, мегўяд. Оқпошшо ҷанг кардааст, ин тарафашро ҳам саришта кунад, мегўяд... Рост-дия, саришта кунад... Дар дунё ба ғайр аз ҷанг ягон кори дигар ҳаст ё не, мегўяд. Усмон Мерганаш одами аҷиб, булбула аз чашмаш мезанад, ҳамин қадар қолгир...
Лекин дилам месўзад, ки ба умеди мерганӣ нобуд нашавад... Худатон омадани қазоқҳоро медонед, таслим нашавед, ба тири тўп мезананд... Ҳоҷати гўр кофтан ҳам не, якбора... Ба нобуд шудани чунин одам ҳайфи кас меояд... Ният дорам, ки рафта, хабар гирам, лекин тарсам, ки худама товон нагиранд...
— Натарсида ҳам намешавад... Хеле вақт шуд ин ҷо буданатона? – пурсид усто Қодир барои донистани дигарон.
— Хеле... Ин кор ба шумо нав маълум шудааст... Мардуми мо кайҳо боз шўриш мекунанд... Тавба... Дунё чаро чунин шудааст-а?
Ба худат хизмат карда наметавонӣ, ба кишварат хизмат карда наметавонӣ, лекин ба кадом золим, ба кадом истилогар хизмат мекунӣ, товони ҷангашро медиҳӣ, андоз медиҳӣ, фарзандатро медиҳӣ; оё бармегардад ё не? Оё рўи гармашро мебинӣ ё не? Сари лучу пои луч ба як мамлакати бегона, боз зидди дину оини худ рафта, ғулом шуда хизмат кунӣ. Ин гапи куҷо? Мо чӣ дидем аз онҳо?
— Мо аз кӣ чӣ дида будем, ки аз инҳо бинем? Ҳамаи истилогарон ба ҳам монанданд... Қитоби ҳунари ҳамаашонро як кас навиштааст: забт кардану гирифтану бурдан...

пешина
аз 421
навбатӣ