Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гирифтану бурдан дарди бахайр... мебаранду лекин худашон мемонанд; хубтарин чиз ва беҳтарин ҷой барои онҳо... Усмон Мерган ҳайф мешавад, чаккӣ истод. Лозим не истоданат, гўям ҳам, гўш накард. О ту истодан катӣ кия мепарронӣ? Некалай набиёяд, ана вай сардори дар Туркистон буда набиёяд, кия мепарронӣ? Чӣ лозим беҳуда худа хонабанд карда, ҷона дар хавфу хатар монондан?
— Амаки Фозил,– Бурҳон магар сўҳбати онҳоро дилгир донист, ки ба пирамард рў овард: – Сайҳун аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад?
Аз ҳамин чашмаи зери по?
— Не, писарам, Сайҳун аз кўҳҳои Тяншон ибтидо мегирад...
ба назари мо, ки аз чашмаи наздик ибтидо мегирифта бошад...
Лекин ба ту чӣ лозим ин чиз?
— Лозим... лекин ин чизро намедонам... донистан мехоҳам...
Амондарагиҳо гумон мекунанд, ки Зарафшон аз чашмаи зери Шахи Сиёҳ ибтидо мегирад.
— Дунё беохир, писарам... дар як ҷо истода сару нўги онро ёфта наметавонӣ...

ПАСОБ

Селоб гузашт. Лойоба ва пасобаш ҳоло ҳам мезаҳид. Соҳили рўд, дар ҳавлию боғҳо ва бехи деворҳои қадоба селовардҳои зиёде хобида, мардумро ба ташвиш андохта буд; аҷибтар аз ҳама дар селрав пайдо шудани мори азим буд – ним берун ва ним даруни рег. Ин мор якбора ба чашми Алии бузғолабон бархўрда умрашро ба охир расонд. Писарак зери шиками сафеди онро дида, пиндошт, ки думдароз ҳила мекунад: ним даруни рег гирифта ними дигарро офтоб медиҳад ва баробари наздик шудан сар аз хафол кашида, ба ў ҳамлавар хоҳад шуд. Мўи сари ў тоқиашро бардошт ва дар баданаш раъша дамид. Ба назараш заҳри мор дар хунаш омехт.
Кора кард... Падараш Муҳаммадмуроди бечорааҳвол аз рўи гуфтаи писар: «дар селрав мор дидам» гуфту аз забон монд, рафта, ними дигари морро аз зери рег берун овард ва дид, ки сари мор чун тагсангу рўсанг шуда, маҷақ гашта. Ў мори мурдаро сутунча барин рўи рег хобонду рост кард ва зуд сўи хона равон шуд, то ба писар фаҳмонад, ки мор мурдааст, ў беҳуда тарсида. Вале писар рўи дасти падар аз зери манаҳи ў менигаристу чизе гуфта наметавонист: аз забон монда, ақлу ҳушаш низ кор намекард. Падар аз нигоҳи маъсумона ва узрталабонаи писар маънӣ кашида, гиря дар гулўяш гиреҳ зад. Муҳаммадмурод ашк дар чашмон хандаи дурўғин кард: «Нағз мешавӣ, писари додо. Ҳушёр ист.» Ва писар дар ҷавоб заҳрханда кард: «Ман мураму ту хандӣ.»
Модар дар ошхона гўё аз оби чашм барои писари бемор атола мепухту мегирист ва чун назди писар омад, ашк месутурду табассум мекард, гуфтораш ширин буд, то рўҳи ў бардошта шавад.

пешина
аз 421
навбатӣ