Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аммо писар ҷигот андохта, ба атола нигоҳ ҳам накард.
Баъди се рўз писари мортарсидаро ба хок супориданд. Муҳаммадмурод аз дунё сарддил шуд. Дар мотами писар нишаст. Ба мардикоргирӣ эътиборе ҳам надода, аз деҳа бурун нарафт... Ва пагоҳи он шаби пуртаҳлука Зуҳур ва он марди тотор диданд, ки дар деҳа чанд тан пирон, муллову эшон ва Муҳаммадмуроду зани азодораш мондаанд... ва боз нафаре, ки ба чашми касе натобад; ў дар хонаҳои бекас, оғилу каҳдон зиндагӣ мекунад, касе огоҳ нашавад. Ў моли партов, ашёи вомонда ва матои бозоргир кобад.
На ҳамроҳи кўчиён аст ва на ҳамроҳи Зуҳур. Гашту гашт, дар ҳезумхонаҳо ҳезум, дар коҳдонҳо коҳ, дар оташдонҳо хокистар пайдо карду бас; кўчиён дигар ҳамаро бурда буданд: тахмонҳо, хаммаҳо, хонаҳо холӣ буданд. Он каси номаълуму ношинос, ки аз қасди Николай огоҳ будану набуданашро кас намедонист, аз хонаҳои вомондаву бесоҳиб чизе пайдо карда натавонист, барои нафсашро ором кардан маҷбур шуд ба хонаҳои соҳибдор шабохун занад. Гову хари Зуҳур дар як шаб гум шуд, Зуҳур аз усто Қодир донист. Гўсфанди домулло гум шуд, сандуқи эшон гум шуд. Онҳо дугумона шуданд: «шояд кори усто Қодир набошад…» Зуҳур дар сероҳаи ҷониби кўҳ одам монд, то касони аз он ҷо омадаро зеҳннишин кунанд ва бинанд, ки дар бозгашт чӣ баранд. Одамони ў се шаборўз дидбонӣ карданд, аммо касеро надиданд, ки аз кўҳ ба деҳа даромада бошад. Ҳамоно дуздӣ буд дар деҳа. Ривоят ёфтанд, ки селоб ҳамроҳи худ аз кўҳ бало овардааст ба шакли мори мурда. Балои ноаён деҳаро тороҷ кунад: асп намонд, гов намонд, гўсфанд намонд, ҳатто сагҳо гум шуданд ё нобуд, аммо дузд дастгир намешавад...
Ва ин кор то даме идома ёфт, ки мардум ҳама ҷоро ором дида, бозпас ба деҳа омаданд. Овозаи шўришҳои бузурги шаҳрҳои азим ба гўши халқ расида, талоши ҳаққу ҳуқуқ карданд; дилпур гашта хонаву дарро соҳиб шуданд ва Зуҳур ба сари усто Қодир тўҳмат бор кард, ки молу чизу чораи деҳаро ў ба яғмо барад. Ва аммо дар ин миён дуздодуздӣ хотима наёфта, молу чизу чораи усто Қодирро низ дуздиданд. Зуҳур аз асп фаромаду аз рикоб на. «Усто Қодир барои рупўш кардани кирдор моли хешро низ дуздад» гуфт. Халқ рад кард даъвои ўро, зеро чанд муддате ки сари кўҳи Яккабурс қарор доштанд, устову фарзандонаш аз назди онҳо дур нашудаанд. Дилашон монд аз Зуҳур, ки тўҳмат занад ба марди бегуноҳ ва шаъни усто Қодирро резонданист.
Ҳарфи нав баромад: гўсфанди парвории Зуҳур гум шуд; аз оғил гум шуд. Зуҳур зуд дуздро муайян кард: усто Қодир. Зеро аз рўи донистаи Зуҳур–гўсфанди оғили ўро ҷуз усто Қодир касе намедонист. Ва боз даъво чунин аст, ки ғайри усто касе ҷуръати ин корро надорад. Аз рўи тахминҳо Зуҳур ба кўча баромада, дар парчи пул – ҷои ҷамъомади мардон, фарёд зад, ки имшаб аз оғил гўсфанди ба ният парваридаашро дузд бурдааст ва ў дуздро медонад: «Кори усто Қодири ланг аст!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё