Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Усто Қодир он ҷо набуд. Аз устоӣ баргашт, ба ў фаҳмонданд, ки Зуҳур чунин даъво дорад. Усто Қодир, ки аз чунин тўҳматҳои ў ба танг омада, тарки деҳа карданӣ буд ва писаронаш намегузоштанд, аз кирдори навбатии ў хашмиву пурғазаб гашта, потеша сари китф ба дарвозаи Зуҳур рафт.
— Ҳа-а, устои гулдаст, омадед!? – тамасхур кард Зуҳур.
— Ҳо, омадам... омадам, то туро тарошам...
Садои потеша баромад ва Зуҳур як қад парида дид, ки потешаи усто ба сутуни дарвозахона бархўрд, нисфи сутунро буррид.
Тарсид Зуҳур. Тарсид, ки рафтори усто шўхӣ нест. Пас-пас рафт.
Неши потешаи усто бар сутун фурў монда буд. Зуҳур дам ғанимат дониста, рў тофта, дар болохона ҷой шуд ва дар аз дарун баст.
Усто потешаро аз сутун ҷунбонда-ҷунбонда бозгирифт ва поғундаҳоро боло шуда, ба дари болохона омад ва онро тела дод. Маҳкам. «Кушо дарро!» хитоб кард ў ва мунтазири ҷавоб хеле истод. На садое буд ва на дар боз шуд. Усто мўҳраи потеша ба дар зад: «Кушо, одамвор гап занем!» Боз садое наомад. «Кушо!
Ман моли киро дуздидаам? Эзори зани киро бурдаам?»
«Даҳонатро пўш, ки баромада тиккаву пораат мекунам!» – аз дарун дўғ зад Зуҳур.
«Баро! Тиккаву пора бикун! Ман ҳам барои ҳамин омадам!
Хуб буд агар ба мардум мегуфтӣ: усто фалон қадар барои ман кор кард, як мирӣ надодам... Ё ба тўҳмат маро муттаҳам карданиву худро порсо? Баро, бигў! Тушбераро хом шумурдаӣ... Ман ту нотарошидаро мисли чўб метарошам!» – потеша ба дар зада гуфт ў, боз ҷавобе наомад. Ва усто неши потеша аз зери дар ҷо карда, як паллаи онро бардошт.
— Дарро мешиканӣ!
— Шиканам, боз месозам. Дар дил нест...
— Набардор усто, набардор!
— Дар хоҳӣ, баро!
— Усто, ту гумроҳ ҳастӣ, ҳоло ҳам мисли одамони қадим бо чўбу калтак ҷанг кардан хоҳӣ... Надонӣ, ки дунё дигар шудааст, одамон пеш рафтаанд, чӣ асбобу аслиҳа доранд, бесадо ҷонатро гиранд, тухматро безанд, очаи зоратро надида равӣ.
— Не-е... дунё дигар нашудааст, дунё ҳамон дунёи кўҳна аст.
Одамон дигар шудаанд; ту дигар шудаӣ – дигар не, балки бозичаи дасти дигарон шудаӣ. Чунин не!? Ту гуфтанӣ, ки Николай-пошшо бароят тиру туфанг фиристодааст ва пеши он калтаку тешаи мо қурбе надорад? Чунин?!... Саҳв мекунӣ...
— Дафъ шав, ки неши тир кунамат!»

пешина
аз 421
навбатӣ