Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нагуфтам?! Гуфтам, ки Николай-пошшо ба ту тиру туфанг додааст...
Усто андаке худро паҳлў кашида, пушт ба девор такя дод ва мунтазир шуд, ки садои тир барояд.
Садо набаромад. Сонӣ усто бо мўҳраи потеша сахт ба дар зад, ки нақши гули дар фурў рафт. Ва дар паяш тир он ҷоро сўрох карда баромад. Усто ҳаросид, ки Зуҳур ба ниҳояти ғазаб омадааст, зеро ба чунин дари бо бинову таманно созонда дилаш насўхт.
— Ку бинам, чӣ хел маро метарошӣ, устои ланг! – Зуҳур гуфт аз дарун ва дам фурў баст. Хомўши хомўш буд даруну берун.
Зуҳур тоқат карда натавонист:
— Забон ба комат часпид, устои ланг?!
Чунин таънаи ў ба усто сахт расид. Арақ пахш кард сару танашро. На аз садои тир, балки аз заҳри забон арақ кард. Сар низ ба девор такя гузошт: «Тиру туфангдор шудааст... Аз куҷо?» Сўи дар нигарист, гумонаш, дар ҷунбид. Вале ноҷунбон буд дар. «Ба як тир намемурдагистам, то ҷон баромадан як теша ба фарқи сари ў зада метавонистагистам...» Хам шуд, то турми дар ба неши потеша барорад. Нашуд.
— Кўрмуш барин дар хона ҷой нашав! Ё баро, ё паррон!
— Мепарронам... лекин ин ланг ба тир наарзад!
— Ба тир наарзад, ба потеша арзад! – кашидаву кушода потеша ба дар зад усто. Як тахтаи дар фурў рафт. Усто зарбаи дигар зада онро шикаст ва сар дарун карда гуфт: – Чаро намепарронӣ?
Нангу номусатро рўпўш мекарда бошӣ, паррон!
Дар ҷавоб садои тир баромад. Усто сар берун кашид, ки аз роғ даромада наметавонад. Тир боз як тахтаи паҳлўро сўрох кард.
Усто тахтаи дигарро низ шикаст...
Ғалмағали зиёд шуд ва усто сар тофта дид, ки рўи ҳавлии Зуҳурро мардону кўдакон пахш кардаанд. Потешаи дасти усто ба замин хам хўрд.
...Таппонча доштани Зуҳур дар деҳа паҳн шуд, аз деҳа ба деҳот рафт. Онҳое ки ба Зуҳур имон доштанд, ўро мўътабартар донистанд ва онҳое ки тагу тирези ўро медонистанд, ба нағмаҳои ў ҳайрон буданд. Нафрат мехонданд ўро. Як нағмааш ин буд, ки андоз мечид, аммо касе намедонист, ки ин корро ба ў фармудаанд ва ё аз пеши худ мекунад. Бар аспи давр нишаста, қасоси шахсиашро тавассути боҷу хироҷи ҳукумати каснадида мегирифт. Бисёр балоҳои олам аз хусумат ва қасду қасос рух задаанд, шояд чунин нияти Зуҳур низ балое барангезад.
Аввалин ҳадафи Зуҳур усто Қодир буд: барои духтараш, барои нимбуд мондани имораташ дод ситонидан мехост. Усто Қодир нияту ҳадафи ўро медонист, анҷоми нохуби ин корҳоро тахмин мекард. Кўчидан хост. Писарон гуфтанд: «Ў кўчад, чаро мо кўчем?» Андеша кард падар...

пешина
аз 421
навбатӣ