Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Боз ҳаво гирифт, боз жолаву борони набуда омад, боз селоб деҳаро пахш кард, боз мардикоргирӣ шуд. Ин дафъа ҷои гурез ва илоҷи фирор набуд. Зуҳуру марди тотор танҳо не, балки дастаи аскарони округи Туркистон ҳамроҳ буд. Рўихат ба гуфтаи Зуҳур мешуд ва албатта усто Қодир ҳамчун марди ҳунар сархат буд.
Мардум ин дафъа шўру ғирев карда натавонистанд; паррандаҳои ба дом афтодаро мемонданд.
Усто Қодир, ки муроди Зуҳурро медонист, ба нею нестон кардан забонаш нагашт, саркашӣ ҳам накард, балки сар андохта розӣ шуд, аммо... аммо ҳамин, ки поёнтар номи Бурҳон ҳам дарҷ шуд, дили усто гирифт ва худдорӣ карда натавониста, фарёд зад:
«Ин чӣ рўз аст, чӣ беадолатист?! Бурҳон чӣ рўз дидаст дар ин дунё? Ғурамарг накунед!» Касе нарасид ба додаш, балки боздоштанд, пеш омадан нагузоштанд. Сарбозе бозпас тела додаш... Калавиду худро боздошт усто ва дандон соид, аз ноилоҷӣ дида ба замин дўхт. Пасон наъра кашид; ба сарбоз эътибор надода, аз болои сари ў назар сўи калонпояҳо равон кард: «Ман меравам, ман-худам меравам, лекин писарам барои чӣ равад?! Охир ў кўдак аст, аз дасташ коре намеояд!» – гуфта усто аз тўда бурун омад, то писарашро хона барад.
Аскарон пеши роҳи ўро гирифтанд. Усто ба каллапўшҳои сурхи баднамои онҳо зеҳн монд, нафраташро ба эшон фаҳмонданӣ шуд, вале ба нармӣ гардонд: «Ман меравам, намегурезам», вале аскарон лафзи ўро нафаҳмиданд. Зуҳур ба назар эътибор намедод, рўяш дигар тараф, аммо чашму ҳушаш сўи усто буд.
«Сар диҳед, вай ланг дур намеравад! – хитоб кард Зуҳур, – Лекин писарашро нагузоред, ки равад!»
Усто гардан тофта, нимрўя гашта, хирсвор, ки вақти ғазабаш таҳқир карда бошанд, дидаи нафрат ба Зуҳур дўхт.:
— Агар писари ман меравад, духтари ту низ бояд равад! – ба «меҳмонони олиқадр»-и Зуҳур чизеро фаҳмондан хоста, изҳор кард усто Қодир.
— Дидед ин бедину диёнатро?! – ба марди рус рў овард Зуҳур, ки ў ҳама сирру савдоро медониста бошад. Аммо он мард китфон дар ҳам кашид: «нафаҳмидам.» Ва марди тотор матлабро ба ў фаҳмонд ва марди рус «ҳа-а-а!» гўён сар баланд кард ва пурсид:
— Яъне, бад?
— Бисёр бад, тақсир... Чанд тан аз инҳо бошанд, коре карда намешавад!
— Ғам нахўред, осон... Ин корҳоро ё теғ осон кунад ё тир!...
Дар ин миён, ки онҳо ба маънидоди суханонашон овора буданд, усто писарашро аз дасти сарбозҳо раҳо карда, хона бурд ва фармуд рўй пинҳон кунад: «Гурез!... То басанда шудани ин корҳо нанамо!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё