Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бурҳон шикастадил ба падар нигарист ва изҳор дошт, ки ҳамроҳи ў биравад. Вале падар рад кард:
— Мехоҳӣ, ки тухмамон бехта шавад? Решакан шавем? Ман равам, ту равӣ, як каси нонёб намонад, модарат, додаронат аз гуруснагӣ муранд... А? Он гаҳ чӣ мешавад?»
Бурҳон сар андохт. Ба нўги мўкӣ замин харошид ва якбора худро ба оғўши падар партофт ва мардона қомат рост гирифта, бо падар видоъ карданӣ буд, ки аз дами дарвоза садое омад:
«Амаки усто!»
«Пушти хона гузар, тори бом буро... парчин бишав бар бом...
дидӣ, ки маро бурданд, ба Тангӣ гурез... Эҳтиёт бишав...» пеш аз он ки ба садои каси дами дарвоза ҷавоб диҳад, писарашро хонд; сипас ҷониби дарвоза овоз дод: «Кадомӣ?»
— Ман, амаки усто,– писари Раҳматуллои чоруқдўз сар аз дарвоза дароварда хешро шиносонд: – Ҳамроҳи писаратон зуд равед будааст...
— Кӣ оксақол кард туро?
— Оқсақол не, гуфтанд, омадам...
— Бирав, меравам...
Усто Қодир зуд баргашта Бурҳонро аз тори бом фуровард ва ба занаш фармуд, ки ба писараш нону тўша диҳад, то дар кўҳу камар аз гушнагӣ намурад. Писарро сўйи тангӣ роҳӣ кард, фармуд, ки рўзҳо дар камари кўҳҳо бошад ва шабҳо дар тори бом.
Пасон аз дасти писарони кўчакаш Ҷўраю Сангин гирифта, сўйи кўча рафт. Вале аз асбоби ҳунар чизе нагирифт, балки ба занаш фармуд, ки онҳоро ғиём кунад ва кадом рўзе, ки Бурҳон майли кор фармудан кард, бидиҳад.
Зан ба хаёл рафт аз ин ҳарф, хеле хомўш истод, пасон пурсид:
— Шумо абадӣ меравед?
— Кӣ медонад? Шояд абадӣ бошад ва шояд муваққатӣ...
...Кўдаконашро сари дўшу бағал бардошта омадани усто Қодир ба онҳо хуш наомад. Аммо Зуҳур хушнуд буд, ки усто ҳамроҳи кўдаконаш нобуд мешавад ва занашу писари калониаш Бурҳон мемонад, ки Зуҳур илоҷи онҳоро меёбад.
— Ана мо омадем, ба ҷои як кас – се кас,– нешдор гуфт усто.
— Ба мо нонхўри зиёдатӣ лозим не, коргар лозим! – изҳор кард марди низомипўш.
— Маро, ки гирифтед, инҳоро кӣ мехўронад? – паст наомад усто. – Магар, ки инҳоро зери хок кунам, сонӣ равам.
— Барои кори ман бошад, марав,– изҳор кард марди низомипўш.– Ҳукми подшоҳ – воҷиб, бояд биравӣ...
— Ҳо, ҳукми подшоҳ – воҷиб, лекин ҳамун подшоҳ донад, ки ман дар чӣ ҳолам, раҳм мекунад, магар, ки Заҳҳок бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё