Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ту чӣ гуфтӣ, беимон? Чӣ гуфтӣ? Оқпошшоро ба Заҳҳоки морон нисбат додӣ? Забоната аз пушти сарат мекашам,– ширин кард худро Зуҳур.
— Худата ҳашт лахт накун, фоида надорад. Хубаш, номи кўдаконро ҳам нависон, то саршумори андозат буд шавад,– пичингомез гуфт усто Қодир ва илова кард:– Кўдакон хунашонро дар он дунё ситонанд аз ту!
Фурсати ҷавоби Зуҳур нашуда, ду тан нафасгардон назди Зуҳуру намояндаҳо рафта, «нест, дар хеҷ ҷо нест!» гўён маълумот доданд ва Зуҳур бо ҳамроҳон гўшакӣ карда, рў ба усто овард:
— Пирхар, писаратро ба кадом гўр фиристодӣ?
Усто Қодир хаёл кард касе як торсакӣ ба баногўшаш зад. Пасон абрў баланд бардошт ва сахт нигарист ба Зуҳур:
— Ба гўри падарат, мочахар!
Зуҳур низ як қад парид ва хашмӣ ба усто таҳдид кард аз ҷояш ва рў ба ҳамраҳон оварда чизе фаҳмонд. Боз ҳамон ду тани хабар оварда пеши роҳи устои сўйи намояндаҳо майл кардаро гирифтанд; даст тофта, тела дода, аз маърака бароварданд; ду тани дигар кўдакони гирёни усторо низ пеш андохта бурданд...
Дере нагузашта усторо даст баста бозоварданд, аммо кўдакон набуданд. Пасон ўро ҳамроҳи ҳазору чиҳил нафар мардикорони волости Панҷакат ҷониби Россияи подшоҳӣ раҳ намуданд...
ОБИ ЗулОл
…Барфҳо об нагашта, дар саҳни ҳавлии усто Қодир пирамарди қаландарсурате пайдо шуд, ки сару пояш латтабанд буд; ангуштони дастонаш низ латтапеч буд ва нарангушти дасти росташ ҷудогона, шояд барои нигоҳ доштани асо бошад. Дар тан шинели фарсуда дошт. Танҳо чашму ришу мўйлабаш метофт, дигар ҳама даруни ҷанда буданд. Маълум, ки одами солим худро чунин напечонад.
Ў зери дарахти чормағзи азим такя бар асо зада, орому хомўш меистод; намеҷунбид, раҳ намерафт, ки асрори ниҳонаш ҳувайдо мегашта бошад. Ў дербоз истода, аз субҳдам. Кадбонуи саҳархез надидаш. Гоҳи сатил бардошта ба об рафтан сўяш даст ёзидани сурати пурвоҳимаро дида, фарёд зад, сатил аз дасташ парид. Писарон тохта баромаданд, аммо модар нагузошт, ки онҳо пеш раванд.
Аз либосашон дошта пас кашид. «Аъузу биллоҳи мина шайтони раҷим... Инсӣ ё ҷинсӣ? Заҳракаф кардим!» – пўписа кард модар, аммо сурат наҷунбид, чашмонаш аз миёни латтаву мўй ниммурда тофтанд. Воҳимаангез буд сураташ, аммо тифлонро масхара тофт.
Онҳо хостанд таҳқир кунанд гадоро, масхараашро кашанд, ки имрўзҳо зиёд шудаанд. Дўст кашанд ба дарҳо, талаб кунанд ҳар чизе: порае нон, муште гандум кифоя аст, ки бозгарданд аз дарҳо.
Аз ошхона як лаб нон овард модар ва ба Сангини хурдсол дароз кард, то ба гадо бидиҳад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё