Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ба сараш зад, ки чаро соил дўст намекашад, дарвозаро монда бо роҳи мазор омадааст?
Сангин нонро ба гадои ҷандапўш ёзид, аммо ў нагирифт. Ба модар рў овард:
— Оча, ноз мекунад гадо! Нонро намегирад!
Гадои ношинос даст сўи нон ёзиду гирифт, аммо дошта натавонист: нон аз дасташ афтид.
«Кистӣ?»
Сурат ҷавоб надод. Чунон ки аз чашми хирси ранҷур ашк резад, аз чашмони ин каси ба сурат ваҳшӣ сиришк таровид. Безабону бемадор воситаи ашк роз кардан хоҳад. «Кистед, охир!?»
Ҳайкали ҷандапўш ба ҷои ҷавоб чашмонашро пўшид, шуррӣ об рехт, рў-рўи тораҳои ришу бурут шорид. Рўи бинӣ ва сари рухсораш захмию хунӣ буданд – сурхи пўстрафта... Гўё барои тарсондани кўдакон саропояшро рангубор ва латтапўш карда, омада бошад. Ҳатто мўзааш латтапеч. Домони шинелаш тар.
Пораҳои кашоли латтаи сару гардан, даридаҳои аз чоки шинел намоён меларзиданд чун барги дарахти сафеддор. Занак диққат дод, ки тани ў ларзад, аз ин рў латтапораҳо ҷунбанд.
«Инсӣ ё ҷинсӣ? Кистӣ?»
Ў боз ҷавобе надод, балки дастон пеш ёзонд. Асои аз шохи дарахти заранг сохтааш, ки пўстнакандаву дағалу дурушт буд, ба замин афтод ва пойҳо вазнашро дошта натавонистанд. Тана ба дарахт соида фурў нишаст. Нигоҳҳо гўё ўро шамъвор об карда буданд. Нишаст. Пои росташ дард кард, зуд пеш ёзонд, сар андохт: «Намешиносанд». Сар бардошт, ба онҳо чашм дўхт: «Нашинохтед?»
Нашинохтанд.
— Чӣ талаб доред, бобо? – пурсид модар.
Лабони варамида ва торс-торс кафидаи ў ларзиданд ва хориаш омада боз гирист: «Ҳеҷ...» Ҷониби зан даст дарёзид.
Соҳиба худро пас кашид, ки бемардина мондани ин хонадонро дониста, омадааст ин гадо ва ё касе фармудааст ўро.
«Бу-буб-буб...» калимаро ифода карда натавониста, азоб кашид ў; лабони хуншор, ширешбаста ва часпидааш хаёле ва ё ба зўри нафас аз ҳам дур шуда, чунин садо баромад; чунон ки пирамарди сахтхоб ва димоғнафас кунад. Донад, ки ҳарф зада натавонад, дастони латтапеч пеш ёзид, то онҳо матлабу муродашро дарёбанд.
Онҳо сарфаҳм нарафтанд. «Биё, пеш биё!» мегуфтанд дастони ларзони ў... Дер истод он зайл ва дид, ки соҳибони хона ба ў нафрин мехонанд ва нафратзада менигаранд, хандид. Заҳрогин буд хандааш, талх буд, батар аз гиря буд... ашкаш шашқатор рехт... Хост баланд хандад, сонӣ ба ҳамон овоз гиряд, вале овози гирифта, лабони варамидаву кафида ва мадори рафта ба нияти ў ёвар набуданд. Хандааш бозмонд, аммо хоҳад, ки сахт бигиряд, чунон гиряд, ки ба ваҷҳе ором карда натавонандаш.

пешина
аз 421
навбатӣ