Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гиряду гиряд, дилаш холӣ шавад ва ё баробари гиря ҷонаш барояд, то чунин рўзро набинад. Аз зери пардаи ашк ба онҳо нигарист: «Ҳаа, нашиносед, ман бегона». Чӣ ҳиссиёте дар вуҷудаш пайдо шуд, ки дандон соид, вале дандонҳояш на садо доштанд ва на зарбу фишори ҳамдигарро эҳсос мекарданд. Ҳамон зайл – дандон ба дандон монда, майли хестан кард, аммо мадораш нарасид. Сангин асо аз замин бардошта ба ў дароз кард, то муттако карда хезад.
Ў ба асо нигоҳ накарда, балки ба писарак дида дўхту даст ёзид, то мадад кунад. Писарак ё ҳазар кард ва ё ҳаросид, ки асоро ба замин бозандохта, пас рафт ва рў ба модар овард: «Метарсам!»
«Натарс...»
Ва ношинос дид, ки аз онҳо бўи умед нест, ҳамчу тифли навпо аввал чорғов шуд, сонӣ даст аз замин канда қоматашро рост кард, мехкўб бозистод. Магар қуввату мадор ҷамъ кард, ки қадам андохт; лангид. Ҷўраи мушоҳидакор якбора фарёди талху тунде зад: «Додо!»
Ў афтид. Баробари «додо!» гўён фарёд задани писар афтид. Аз тамоми азобҳои кашидааш лати афтоданаш гаронтар буд; аламангез буд, хориовар буд, ки ўро нашинохтанд, гадо пиндоштанд.
— Худоё Худовандо! – гиребон гирифт зан ва назди ў сари зону зад: «Усто!?»
Усто чизе гуфта натавонист. Ўро бардоштан хост, зўраш нарасид. Чашмони варамида, пилкҳои сурхи обшор, афту андоми ваҳмангези усто занашро тарсонд. «Усто!» – боз ифода кард занак, ки беш аз ин сухан намедониста бошад. Аммо занак бисёр мехост, ки сухан кунад ва пурсад, ки Бурҳонро дидааст ё на? «Усто!» Усто хомўш буд. «Бардоред!» ба писаронаш фармуд занак ва хам шуда аз зери каши ў даст андохт. «Бардоред, мегўм, чаро гиря мекунед? Агар ба гиря кор буд мешуд, очам аз оби чашми ман зинда мешуд... Бардоред!» – амр кард Шарифа ва усто пай бурд, ки дар набудани ў занак фармонфармо шудааст. Аслан чунин буд:
усто, ки деҳа ба деҳа мегашту иморатсозӣ мекард, хонадориву тарбияи кўдакон ба зиммаи зан буд... аммо усто ҳеҷ гоҳ чунин баланду пуризтироб садо кардани ўро нашунидааст. Шояд аз танҳоӣ бошад?
«Ё пирам!» – талвосаи хестан кард усто, аммо натавонист.
Ҷўраву Сангин ба модар ёвар шуданд, то усторо бардоранд, вале усто даст боло кард: «Накобед...» Писарон дастони ба либоси ўбадаву чиркини падар расидаро бозпас кашиданд.
— Доред, бардоред! – фармуд модар ва илова кард:–Дар чунин ҳол мондан мумкин не... Бинед, хас барин шудаанд, – гуфт модар ва пай набурд, ки чун ларзад овозаш. Аз нигоҳи дардолуди писарон пай бурд пур шудани сари дилашро. Аз азобу уқубатҳои дар ғоиби шавҳар кашидааш алам тоза карданд: – Бардоред гуфтам-ку!

пешина
аз 421
навбатӣ