Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

– Гиряаш маълум буд, аз ин ҳол усто алам кашид, ки боз даст боло кард, то ҷисмаш лағжида, аз дастони зан раҳо гардад:
«Азоб накаш!» Ва сар боло карда ба қаъри чашмони зан чунон нигарист, ки шабҳангом ба қаъри осмони баланд ба ҳаваси ситора менигаранд. Ҳо, ду ситораи умедбахш ба чашмонаш тофтанд:
«Андаке мадад кунед, худам...» дастони латтапечашро ҷунбонда фаҳмонд ў.
— Мўзаҳоро кашед! – ба писарон фаҳмонд модар ва худ ягона тугмае ки дар нўги гиребони зери манаҳи шў буд, кушод, ки нафаси усто не, нафаси худаш танг мешуда бошад...
Писарон баробари мўзаҳоро кашидан аз пойҳои ў тарсиданд:
нўги панҷаҳояш суп-сурх гўшт ва обравон буданд...
— Хунук задааст додота! – ба писарон рў овард модар. Онҳо ҳайрон буданд, маънии сармозаданро намефаҳмиданд.– Дилу ҷигар сиҳат? – рўй ба рўйи латтапечи усто расонида пурсид Шарифа.
Усто ба ҷои ҷавоб ба сару рўйи ў илтиҷоомез нигарист. Шарифа чизе нагуфт, пай бурд, ки аҳволи усто хуб нест.– Худоё Худовандо!
Ин чӣ рўзе буд, ки ба сари мо овардӣ? Чӣ шуд ба шумо, усто?–усто Фақат сар ҷунбонд: «Барои шумо». Аммо маънии ботинии сухани ўро зан нафаҳмид. Усто низ фаҳмонда натавонист, ки барои ба дидори эшон расидан ба чунин ҳол афтодааст...
Баччаҳо оби чашм мекарданд. Усто боз ба зан нигарист: «Оби чашм хосият надорад». Усто пай бурд, ки зан боз ишораи ўро нафаҳмид, табассум карданӣ шуд, то кўдакон осуда бошанд, аммо натавонист; табассумаш хандаовар буд: ҳамчу одами фалаҷ лабонаш инҷ гашта, каҷ шуда, карахшҳои часпида ва хунобаи баста нагузоштанд, ки лабонаш аз ҳам дур шаванд. Табассум ба гиря гашт. Ҳо, гиря ояд, бо табассум дошта нашавад... Мардак овоз баровард, овози гулўӣ.
— Бардоред, оча, додом мусича барин сабук шудаанд,– садои Ҷўра буд.
Ва ин дафъа Шарифа аз зери бағали ў дастон харпанҷа андохта зўр зад, мардона бардошт. Ҷўраву Сангин низ қувват гирифта, пойҳои падарро оғўш карда бардоштанд... Хона дароварда, хобонданд. Чашм кушоду чашм пўшид: «Чаро омадам? Дар чўлу биёбон мемурдам, хуб набуд? Зери тарма мемондам, беҳ набуд?»
Ў ба Шарифа ишора кард, ки фўтаи ба сару гардан кўргиреҳ бастаро кушояд. Гиреҳ чунон сахт шуда буд, ки ба нохун кушода натавонист, сар зери манаҳи шавҳар ҷо карда, кўргиреҳ ба дандон кушод... Ба назару димоғаш усто саропо бў гирифта буд.
Вақтҳое ки усто моҳ-моҳ устоӣ мерафту бармегашт, Шарифа дар тани ў чунин бўйро нашунида буд, вале ҳоло... Чун Шарифа сар пеш бурда, ба кўргиреҳ даҳон андохт, аз дами нафасаш усто ҷон гирифт; як нафаси гарми ошноро дар тан дарк карда, зинда шуд.
Ҳама азобро фаромўш кард, беҳтарин лаҳзаҳои умраш ёд омад, дарди бадан ва сўзиши захмҳо фаромўш шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё