Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат як лаҳза.
Ҳамин ки зан фўтаро кушода, гўшҳои сармозадаи шавҳарро дид, ҳангаш канд ва даҳон кушода «О-о-оҳ!» гуфт, дарди усто аз нав хуруҷ кард. Пай бурд, ки ба гўшаш гармӣ мерасад; озор медиҳад гармӣ гўши сармозадаро. «Тамом шудаӣ, мардак» аз дил гузаронд Шарифа.
Усто қаландари сармозадаро мемонд: мўйи сар расида, то китфон фаромада буд. Тораҳои он беху паси гўш ба хунобаҳо омехта, ба пўст часпида буданд. Чунин ба назар мерасид, ки усто аз ин ҳол огоҳ нест, зиёни сарморо намедонад. Чашмонаш пўшида, лабонаш баста, дарди хешро фаромўш карда, ғами дигар дар сар дорад: «Бурҳон куҷо бошад?» ва чашм во карда шикастадил нигарад ба зан: «А, куҷост Бурҳон?» Шарифа тахмин мекунад суоли ўро, вале ҷавоб намедиҳад ва мебинад, ки усто беқарор аст, ба сухан меояд:
— Бурҳонро мепурсед?... Бурҳон мардикори рафтагӣ...
«Мардикорӣ? Куҷо» – нигоҳи ў мепурсад.
— Ба куҷо мегўед? Самарқанд...
Усто чашм пўшид ва сар ғел гардонд: «Бовар намекунам.» Ва боз чашм кушода ба зан зеҳн монд: «Рост бигў».
...Ҳасан табиб аз дар даромад. Салом дод ба усто, усто мижа ба ҳам баста ба таври худ саломи ўро алейк гирифт. Табиб нишасту даст ба дуо бардошт ва сару рўйи усторо хабар гирифт, аммо чизе напурсид: аёнро чӣ ҳоҷати баён? «Барф лозим» дар дил гуфт ў ва ҷониби Ҷўра нигарист, ки ўро рафта аз хонааш оварда буд.
— Барф лозим!
Ҷўра маънии сухани табибро нафаҳмида, ҳайрон менигарист ба ў.
— Сангро санг шиканад, барфбурдаро барф буррад... Медонам, ки аспатон нест,– ҳамин қадар гуфт ў, вале давомашро нагуфт, то усто ошуфта нагардад.– Хонаи мо рав... Не, гард, худам аспро зин зада диҳам... Ба кўҳ меравӣ, барф меорӣ...
Вассалом. Нафаҳмонд, ки барои чӣ. Ҷўра ҳам тагпурсӣ накард.
«Лозим будагист, ки мегўяд.» Ва табиб ўро ба асп шинонду таъкид кард: «Барф бигир... тарма не... Зудтар!» Ман ба хонаатон нарасида бояд баргардӣ! Фаҳмидӣ?»
— Фаҳмидам!
Табиб зуд баргашт ба хонаи усто ва ба зани ў фармуд:
— Янга, каландро рўи оташ гузоред ва то сурх шуданаш алоб кунед!
Шарифа, ки аз матлаб огоҳ буд, ҳарфи табибро ду накарда, ба ошхона рафт ва каланди бедаста бар оташ гузошт.
...Усто ба табиб менигаристу чизе гуфта наметавонист, лекин бисёр мехост, ки куҷо будани Бурҳонро донад. Вале табиб нигоҳи ўро ба таври хеш дарёфт:

пешина
аз 421
навбатӣ