Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин рўзҳо ба сари мард меояд, усто... Баъди шумоён боз чӣ миқдор гирифтанду...
«Бурҳонро ҳам?»
— Занозаниву кушокушӣ шуд баъди шумо...
— Каландро биёрам? – аз дар пурсид Шарифа ва миёни суханро буррид.
— Барф омад?
— Омад, ако!
Ҷўра сатили барфро бардошта даромад.
— Офарин, писарам,– шерак кард ўро табиб.– Аз куҷо овардӣ?
— Аз Барфи Каҷ...
— Барф об шудааст-дия... Каландро биёр.
Каландро худи Шарифа бо оташгирак бардошта ва аз зераш бо каланддастаи кўҳна дошта овард, ки дудаш мебаромад. Табиб намадро яклаба кард, то каландро гузорад. Пасон ба усто муттако шуд, ки хезад. Бардоштанд усторо. Сарашро ба рўи каланди тафсони сурхгашта хам карданд.
— Наҷунбед, усто, тоқат кунед! – гуфт табиб ва бар каланди тафсон як ҷангол барф андохт. Барф ҳавр гашта боло шуд ва сару рўи усторо фаро гирифт. Усто дар умраш инак гармӣ эҳсос кард, ки як фориду сонӣ захмҳоро сўзонд: – Ҳоло ки ба сару рўятон барф молида намешавад, буғи барф мебуррад. – Табиб боз барф андохт бар каланд, ҳавр сару рўи усторо пўшонд, пасон аз нўги бинӣ ва пешонии ў қатраҳои ҳавр чакид.
Усто ҷон гирифт, ҷоғаш гарм шуд, дандонҳои зиҳзада кушода гаштанд. Ў ишора кард, ки латтаҳои дастонашро низ кушоянд.
Аз нав каландро тафсонда, барф андозанд, то дасту пой низ дар ҳаври барф дорад... Ончунон карданд.
Табиб «пешин шуд» гуфта рафтанӣ буд, аммо Шарифа нагузошт. Дастархон овард, атола кашид ва ба усто хўронд. Атолаи ба даҳони усто рехтаи Шарифа аз кунҷи лабонаш шорида, занакро ба ташвиш овард. усто базўр гулў ҷунбонда, катра-қатра атоларо фурў мебурд. Равон мебахшид атолаи ба гулў рафта. Пасон лакот кард. Арақ пахш кард усторо. Усто мурдаи таппа-тайёр гашт. Гўё атола бурдаш. Ба назар ғанаб карду бедор гашт ва дида ба сақфи хона дўхт. Маззае дар даҳонаш буд, равшание дар замираш. Ба табиб нигарист, ба зану фарзанд.
— Дигарон куҷо шуданд, усто? – ҷон гирифтани ўро дида, пурсид табиб; яқин аз пайвандонаш дар сафар буданд.
— Но-обуд... Раҳо-ора-аҳ...
— Шуморо ҷавоб доданд?
— Кӣ?... Магар по-ошшо ра-аҳм до-ора-ад?... Гу-ре-ехта-анд...
Ра-аҳо-ора-аҳ му-ур-да-аанд... Ми-иси-ир дар Сў-ўхта... Қа-ама-ар дар пу-ушти а-ағба... О-он-ҳо зе-Ёрӣ ба-арф...

пешина
аз 421
навбатӣ