Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Усто дастонашро намуд.. Табиб дарёфт, ки усто чӣ мегўяд.
«Ҳозир» гуфту бархост ва дере нагузашта баргашт. Латтапораи бастаро боз кард, кўфтаи хокрангро ба захмҳои пой ва дасту гўшу сари бинии усто пошид. Захмҳо мисли реши равон хокаро зуд тар карданд ва аз миёнаи хамираи часпида зардоб таровид. Табиб то дами бозистодани зардоб ордаки решаи гиёҳеро ба захмҳо пошид, пасон ба сухан даромад:
— Ин хокаи решаи эрбаҳосӣ – баҳои замин, ҳар навъ решу захмро сиҳат мекунад, хатто захми меъдаро... Ноёфт. Чанд бехро раҳматии бобои Нури чўпон оварда буд, ба шумо тақдир карда будааст, усто... Шифо ёбед. Аз некон – шарофат...
— Мулло Ҳасан, Худо амону имон диҳад, кавруни некиатонро мегардонам. Рафту умр бақо накунад, ба хизмататон розӣ шавед.
— Ин хел нагўед, усто... Иншооллоҳ сиҳат мешавед, захмҳоятон беҳ мешаванд... Ана ин дору... баччаҳо мепошанд. Боз хабар мегирам... Гуфта монам: эҳтимол нохунҳо афтанд...
Захмҳо рў гирифтанд. Нохунҳо афтиданд, ҷои нохунҳо пўст ғунча зад, вале усто ҳолати рафтору гуфтор надошт. Кору кирдори дар набуданаш шударо шунида, нокору беҳолтар шуд... Ў медонист, ки Зуҳур ба хонадонаш амон намедиҳад; медонист, ки Бурҳонро ба шиканҷа мекашад, қасос меситонад, вале намедонист, ки зиндаҷудо мешаванд: «Чаро ҳамроҳ нагирифтам, инак мурдаи ҳамдигарро намебинем...»
...Бурҳон баъди рафтани падар чанд вақт гуреза шуд. Зуҳур ба ҷои ў модару додаронашро азоб дод ва чун барф заду ҳаво сард гашт, Бурҳон аз кўҳу камар фуромад, одамони Зуҳур дастгираш карда, бурданд, ба баталиони коргарӣ фиристоданд...
Алами усто тоза шуд. Дарди захмҳояш хуруҷ кард...
Усто андаке ҷон гирифт ва мадори рўи зин нишастан кард. Ўро ба асп нишонда бурданд, то ҷои мурдаҳои зери барфро нишон диҳад... Мурдаи Мисиру Қамарро оварда гўру кафан карданд.
Навҳаву мўя карданд занон, шиква доштанд аз дасти замона, аз подшоҳи ғайру ситамкор. Зуҳур нафиру шикваи занон шунида, бофта баровард, ки ин кори подшох не, балки усто чунин карда:
ҳамроҳонашро кушта, зери барф карда омадааст. Агар чунин не, чаро онҳо мурданду усто намурд? Ва усто низ паст наомада, миёни мардум суол кард: «Хуш, гуфтем, ки ин ду танро ман куштам, лекин дигаронро, ки то ағба нарасида, раҳораҳ нобуд шуданд, кӣ кушт? Магар Зуҳур не? Магар Оқпошшо не?!» Бо вуҷуди он Зуҳур паст наомад: тўҳматҳо мезад, аз номи Оқпошшо таҳдидҳо мекард ва гўё чун гумоштаи ҳукумати подшохӣ усторо барои бозпурс наздаш мехонд, аммо усто намерафт назди ў. Оқибат худи Зуҳур омад ва дар хонадони ў моҷарое сохт – чунон ки гоҳи набудани усто ин корро карда буд: ба Бурҳон гуфта буд, ки духтарашро барад, муросо кунад; аз баталиони коргарӣ ҳам халос мехўраду аз оворагӣ ҳам ва падараш – усторо аз Русия даъват карда меорад...

пешина
аз 421
навбатӣ