Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Худи усто омад, инак ба сари ў наъра занад: «Ҳамаатонро бадарға мекунам? Шумо аз марҳамати Оқпошшо сар кашидед! Писарат гуреза! Худат гуреза!... Хоин!»
— Ҳоло маълум нест, ки кӣ хоин!? Ватанфурўш кист?! Офтобро бо домон пўшида нашавад ва дуздиву ғаррӣ зери саргини хар намонад...
— Саркашӣ мекунӣ, ки гаҳвораат аз осмон омада бошад! Чўбро сардор хонанд, итоат бояд кард.
— Бисёр чўбҳо сардор буданд, итоат кардем; ҳазор сол, сад ҳазор сол итоат кардем... Лекин туро кӣ сардор хонд, ки мо итоат кунем? Чӣ сардорӣ? Ба кӣ хизмат мекунӣ? Худат ба сари хеш сардор шудаӣ, итоат кардан гир... Ман медонам, ки ту ба касе хизмат намекунӣ, беимон ҳастӣ, ҳама корат барои хештан аст... Ман Русия рафта, дида омадам, ту ҳам рафта, дида, биё, сонӣ ҳарф мезанем...
Нияти онҳо дигар, лекин ту дигар чиз мегўӣ. Тушбераро хом мешуморӣ. Ман медонам нияти туро ва ба халқ мефаҳмонам...
— Медонам: душмани ашаддии ман туӣ.
— Хато мекунӣ. Агар душман бошам, мегўям, ки коратро давом деҳ, зеро ман оқибати кори туро медонам... Вале мегўям, ки аз ин корат даст бикаш. Дер ё зуд пушаймон хоҳӣ шуд. Камарбандатро кушода парто, шамшер биафкан, камонро биспор... вагарна ҳама асбобат зидди худат равона хоҳад шуд...
— Чӣ-чӣ-чӣ?
— Гуфтамат... дўст занад табарвор, душман занад шакарвор.
— Ман хуни шуморо меошомам!
Усто, ки то алвақт касалиашро баҳона карда рўйи пўстаки зери айвон менишаст, такя бар сутун карда хест ва рў ба рўйи Зуҳури «номдор» омад; ба сару рўи ў нигарист, ба қаъри чашмонаш ҳам. Медонист, ки ба ҳавои дасти Зуҳур мепаррад – на ҷон дораду на мадор, бо вуҷуди он пеш омад. Пеш омад, то аз гиребони ў гирифта, сўйи замин кашад; вазн андохта, қоматашро хам кунад, кофист; мардум донанд, ки усто бо чунин бемадорӣ, беҳолӣ ва заифию ночорӣ аз гиребони Зуҳури «ҳоким», вале дар асл – беҳаё, гирифтааст; донанд, ки ин хўсаи сари полез пеши халқ эътиборе надорад...
Усто бо чанголи ногиро аз гиребони Зуҳур гирифт ва пеш кашида сари ўро хам кардан хост. Зўраш нарасида, ба гўшаш чизе гуфт, ки Зуҳур як мушт ба банди дасти усто зада, гиребон раҳо карданӣ шуд, натавонист...
Шарифа омад, дов кашидаву фарёд зада омад. Сангину Ҷўра омаданд. Вале дастони усто во нашуд ва гиребони Зуҳур раҳо.
Зуҳур шамшер кашид аз наём, ба банди дасти усто гузошт, то бибуррад. Усто эътибор надод ва худро бепарво вонамуд. Аз ҷон гузар карда буд усто ва ё рафтори ўро бозӣ мепиндошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё