Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар ду арақшор шуданд... Арўс ҳоло ҳам чашм ва рўй бо кафи дастон мепўшид.
Чароғи давра хира месўхт.
Бурҳон либоси шаҳӣ аз тан афканд, либоси арўс низ канд...
Арўс беқарор шуд ва фарёд зад...
Бурҳон пай бурд, ки фарёди дурўғин аст. Хун ба сараш зад ва пиндошт, ки дили бозигараш аз кор бозмонд, ў паҳлў ғалтид.
Барои ором гаштани хештан мешумурд, ки дар як кодок чанд васса ҳаст. Ҳашт кодоки хонаи нўҳболорро вассашумор кард, ором нагирифт. «Чӣ хел? Чигуна ба ин аҳвол гирифтор шудааст?»
Пиндошт саволашро арўс шунид. Оҳиста сар ғел гардонда ба арўс нигарист. Арўс даст ёзид, то куртаашро бигирад. Бурҳон дасти ўро боздошт.
— Ба ту курта лозим нест, бояд лучи модарзод аз ин даргоҳ биравӣ,– баъди салом ҳарфе буд, ки имшаб ба миён омад.
Дасти арўс зайле ки ба курта дароз шуда буд, бозмонд.
— Кӣ расида буд ба ту?
— …
— Бигўй, ман бояд бидонам!
— …
Хомўш буд арўс. Ва чунин нописандона хомўш истоданаш ғаши Бурҳонро овард. Дар домани бистар лучи модарзод, ғунча гашта ва гўё аз шарм даст ба рўй пахш карда, мурдаосо дамбадарун, хобидани арўс олуғда кард шаҳро... Дар зери партави хираи чароғи давра мисли моҳи пурра тофтани тани сафеди арўс дасти домод аз кадом воқеаи нохуш ва ё қасди бад боздошт. Ў рўй тофт, то худро ваҳшиёна бар тани тухмипўстканда барин лағжони арўс наандозад; то барои ҳаловати якдамина, нафси шаҳвонӣ гуноҳи барояш номаълумро набахшад... Аз ҳаяҷон ангушт мушт кард ва лаб газид. Ва монда буд, ки ў бархезад ва аз дасти арўси бараҳна гирифта, бурун андозад аз дар. Ҳамин қадараш монда буд. Вале ў дар пиндору андешааш чунин корҳоро кард: гесўи ўро буррид.
Чӣ суд? Оби рехта бардошта нашавад. Гўшу бинии ўро буррид.
Пои равонашро буррид, сар буррид... Нашуд. Ҳеҷ кадоми ин корҳо аламашро паст карда натавонист, баракс ба дили ў тазйиқ овард. То алвақт Бурҳон намедонист, ки фишор хўрдани дил чӣ ранг шавад, сари кас ба чӣ сахтӣ дард кунад, рагҳои ду чаккаи сар чӣ гуна зананд. Инсон чӣ сон ҳамчу шағол худ аз худ дандон сояд. Безобита шуд. Беқарор гашт...
Арўс пай бурд; беқарории ўро пай бурд. Вале гумон накарда буд, ки домод аз нобакоратии ў чунин азоб кашад.
Норӣ боз ба курта даст ёзид.
— Ба ту гуфтам, ки лучи модарзод барову бирав!
Дасти ба курта ёзидааш бозмонд.
— Агар ту баромада наравӣ, ман куртаатро пўшида баромада, меравам!

пешина
аз 421
навбатӣ