Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Хуш омадед, ако! – якбора аз даҳонаш баромад, гўё пеш кард ўро, аммо вай эътибор надод. Усто пай бурд ин чизро ва илова кард: – Ман андеша мекунам...
Ва андеша кард усто: аз писараш гап гирифт, аз завҷааш пурсид, пасон ҳамсояаш Абдулло-бойбачча ва эшони гузарро ба хонаи Зуҳур хостгор фиристод.
Хостгорон оварданд, ки Зуҳур таъна кард: «чун шуд рўи усто, ки аз даргоҳи ў қаҳр карда, боз ба духтараш хостгор фиристад?»
Усто китф дарҳам кашид ва ҳайрон монд, ки зери коса чӣ нимкосаест. Сонӣ фаҳмид, ки Қурбонмурод аз пеши худ омада будааст, то ба чунин восита «қасри амал»-и Зуҳур бунёд гардад ва худро барои Зуҳур ширин кунад... усто ба андеша фурў рафт, ки чӣ маънӣ дорад ин ҳама.
— Бурҳон! Ба духтари Зуҳур дил дорӣ ё надорӣ?
— Надонам...
— Чӣ хел надонӣ? Фикр бикун! Ин чиллаку лоф не, ки «як ҷон таги тор» гўӣ».
...Ба хонаи усто худи Зуҳур омад; чунон ки он вақт омада буд.
«Шумо истода, ман аз дигар ҷо усто биёрам, нохуб мешавад» ва имрўз такрор мекунад: «Кори сар кардаи шуморо каси дигар анҷом диҳад, хуб нест, шукри Худо, шумо қайди ҳаётед».
Ва баъди се рўз усто боз афзори ҳунар бардошта ба даргоҳи Зуҳур омад, вале бе Бурҳон.
...Зуҳур синҷбардорон кард: буққачаи сесоларо кушта, дар ду дег хомшўрбо андохт ва миёнбандони деҳаро кадхудо хабар дод:
«Кадхудое, ки бошӣ, хонаи Зуҳур биё!»... Пасон зиёфати дигар пеш омад: тўй барпо шуд – тўйи якгўву якгир. Тамоми расму русумро ба ҷо оварда Нориро ба хонаи усто Қодир бурданд ва арўсу домодро дар хонае танҳо гузоштанд. Янгаҳои аз ҷониби арўс омада ба умеди «ба-шорат» пушти дар буданд... Дили онҳо низ мисоли дили арўс бозӣ дошт.
Дили Бурҳон ҳам бозӣ мекард. Домод зери чодари арўсӣ даромад, то арўсро бароварда, рўи бистари висол гузорад, вале арўс, ба ҷои он ки ба саломи шаҳ омода бошад, беҳушу беёд ба замин фурў афтода, бо кафи дастон чашму рў пўшида буд.
— Ассалому алайкум! – одоб кард шаҳ.
Арўс магар аз рафтори шаҳ хиҷолат кашид, ки як қад парид ва боз ғунчатар шуд. Бурҳон хам шуда ўро чунон ки ғунча буд, бардошта аз чодар бурун овард, рўи рахти висол шўхиомез партофтанӣ шуда, даст суст кард. Дили духтар, ки пайваста метапид, аз чунин рафтори нобаҳангоми шаҳ они воҳид бозмонда, боз тапид. Шаҳ ўро оҳиста рўи бистар гузошт. Пай бурд, ки дилаш сахт занад. Ва ҳангоми хам хўрдан садои дили арўс ба гўшаш бархўрд, аммо надонад, ки чаро чунин сахт ва номураттаб тапад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё