Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Хоб бурд Шарифаро ва дид, ки Эшонбобо дастори сафед дар сар, мўйи сару ришу бурут пероста, ҷомаи сабз дар бар ва тоқии ҳамранги ҷома аз миёни салла хиргоҳак боло шуда, ҳашамату салобати он касро нишон медиҳад, фарох-фарох қадам зада, аз ҷониби Тангӣ сўйи хонақоҳ меравад. Ҷамоа гирди хонақоҳ омадаанд ва мунтазир ба Эшонбобо. Ҳама дастҳо пеши бар одоб доранд ва Эшонбобо пешгаҳ гузашта, кушойиш диҳанд, то қурбонӣ шавад:
«Мо ба ёди оллоҳ қурбоние мекунем. Омин!» Ҳама даст ба дуо бардоштанд ва қассобон дасту пои Зуҳурро бастанд, пеш оварданд, то ба ёди оллоҳи таъоло қурбон кунанд. Эшонбобо ба чашмонаш бовар намекард; ба ҷамоа нигарист. Мардум низ ҳайрон буданд, ки чаро Эшонбобо аз сар задани ин гўсфанд дар ҳайрат, китф дар ҳам мекашад. Магар гўсфанди он кас аст? Қассоб «бисмиллоҳ, Халилуллоҳ, оллоҳу акбар!» гўён ба дами корд суф кард ва бо гўшҳо чашмони гўсфандро пўшид.
«Сабр бикунед! – хитоб кард Эшонбобо, – Дар роҳи хайр моли ҳаром қурбон накунанд».
«Моли ҳаром не, Эшонбобо, гўсфанди хонапарварди худам!»
«Аз молхонаи худам овардам, Эшон!»
«Як сол аст, ки ба ҳамин ният бонӣ кардаам!»
Эшонбобо ба ҳамаи онҳо нигарист, ба гўсфанд нигарист ва ҳайрон шуд, ки аҷобате, чӣ аломате. Чаро инҳо даъвои гўсфанд доранд, ҳол он ки дар зери корди қассоб Зуҳур хобида. Эшонбобо ба ҷамоа нигарад, ба қассоб нигарад: «Шумо одамро аз ҳайвон фарқ намекунед?» Ва чашмаш ба Шарифа афтид, ки такя бар сутуни айвони хонақоҳ зада, механдад: «Монед, сар бурранд, Эшонбобо!» Ў низ бинад, ки зери корди қассоб Зуҳур мехобад, на гўсфанд... Ва мардум ўро дида мағал бардоштанд, ки ин зани осӣ дар маърака чӣ кор мекунад, занҳои дигар аз ў ибрат мегиранд, дунё вайрон мегардад; бероҳа кунад занонро. «Ўро сар занед!»
«Сангсор кунед ин бешариатро! Номусулмонро!»
Ва Шарифа розист, қомат афрозад, ки розист дар роҳи ҳақ қурбон шавад; агар Зуҳур ҳайвони ҳаром аст, қурбониаш раво нест, ўро қурбон кунанд – Шарифаро...
...Ва мардуми «шариатпаноҳ» ҳамаро монданду ба Шарифа часпиданд: «Даст ҳаром накунед!» гуфтанду сангу чўб карданд; санг андохтанд ҷонибаш, чўб бардоштанд бар сараш... Шарифа ҷониби қабристон тохт. Саргиракаш чу алам парафшон буд... Саргирак парид, рўймол афтид; парешон гашт зулфонаш, ки дуде бар сари оташ бошад... Сангҳо меафтиданд дар паҳлўҳояш, мерасиданд дар тахтапушту хами пойҳояш, медавиду метохт, то худро аз ҳамлаи даррандаҳо раҳонад... Аз пеш Эшонбобо баромад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё