Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Биист, Шарифабону, – ба забони Бихалифа ҳарф зад Эшонбобо. – Биист, ба ту осебе нарасад.
Вале Шарифа бовар накарда, реб дода гузаштанӣ шуд ва садои эшон ўро боздошт.
— Баргардед, ноҷавонмардҳо! Наход мард ба зан санг андозад!?
Шарифа бозистод ва ба пас нигарист, ки галаи гургон гўш чур, чашм тез, даҳон хунолуд сўйи ў лаб лесанд.
— Оҳ Эшонбобо! Шумо чӣ хел маро аз марг наҷот додед?
Худо умратонро дароз кунад... Шумо медонед, ки ман ба пешвози Бурҳон баромада будам, ин даррандаҳо маро таъқиб доранд.
— Хафа нашав, Шарифабону, инҳо мувақкатӣ дарранда шудаанд, аз зарурат... хислати одамӣ ҳамин: ранги замин чӣ хел бошад, ҳамон рангро мегирад; бўқаламун. Кадом тараф пурқувват бошад, он сў мегузарад... лозим ояд, гўсфанд мешавад, гург мегардад...
Ҳозир чиллаи зимистон, Шарифабону, гургҳо дар чунин айём гала мешаванд... Баргард... натарс!
Шарифа сухани Эшонбоборо нагардонд. Баргашт...
...ва баргашту бедор шуд. Дилаш сахт-сахт мезад.
Тафси танаш баланд буд. Сар ковок карда, аз тиреза берун нигарист. Торик буд. Боз сар гузошт. Хобаш парида, дерёз ба хаёл рафт. Аммо чизеро пеши назар оварда натавонист, ҳама чиз омехта буд: Эшону Зуҳуру хонақоҳу қурбонӣ ба ҳам чӣ нисбате доранд?
сарфаҳм намерафт. Хун дар хоб – рўшноӣ. Хуни Зуҳур рехт...
— Бихалифа меоянд, оча!!
Шарифаи ғарқи хаёл «меоянд»-ро шунида пиндошт, ки Бурҳон меояд. Талвосаи хестан кард ва боз рўи бистар афтид.
— Оча, оча! Бихалифа меоянд! – даруни дар пой ниҳода хабар дод Сангин. Модар аз меҳмон огоҳӣ ёфта, рўймоли аз сар афтидаро пайдо карда, ба сар андохт.
— Ба хайр, Шарифабону?
— Ба хайр шавад, Бихалифа!
Талвосаи хестан кард, аммо Бихалифа нагузошт:
— Наҷунбед, Шарифабону, канда мешавед. Бемор канда шавад, даво надорад,– аз китфи ў дошта гуфт Бихалифа ва паҳлўи бистараш нишаст.
— Ман аз бемории шумо огоҳ набудам, Шарифабону, барои дигар чиз омадам...
— Ягон хизмати ман ба шумо...
— Не… Фаромўш шудааст, ки дар ххусуси зани занон – Бихадича ба шумо гўям... Охир Муҳаммадро Муҳаммад кардагӣ Бихадича буд.
— О Бихалифа, наход барои ҳамин чиз саргардон шавед!?
— Гулсифатро фиристоданӣ будам, нисбатдор гуфта, раво надидам. Худам омадам, ба шумо гўям, ки аз Бихадича бузургтар зане нагузашта.

пешина
аз 421
навбатӣ