Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва Зуҳур мебинад, ки ҷин аз роҳаш намегардад, пас-пас меравад наздик шудани ўро дида, рўй тофта мегурезад, дуртар рафта, ба пас менигарад, ки расам-расам меояд, боз мегурезад ва ба обканди жарф афтида, ғайб мезанад. Ҷин боз Шарифа мешавад, нишаста сар ба сари зону ниҳода мегиряд, ки ба муродаш нарасид; Зуҳурро дошта зери пой помол карда натавонист: «Шон мулкро соҳиб мешудаанд, боғи Эшонбоборо мегирифтаанд, Бихалифаро миёни мардум бароварда буз мекашидаанд... Бадбахт... Буз кашиданро ба ту нишон медиҳам... Барои аз авлоди усто Қодир қасос гирифтан ин мулкро ба кадом омадае фурўхта, ба пули он ба кадом мамлакате рафта, шоҳ мешудаанд...
Бештар барои он чунин мекардаанд, ки қиссаи духтараштон фаромўш шавад... Ҳа, боз духтари шоҳи ҳамон мамлакатро гирифта, баъди фавти шоҳ подшоҳ мешудаанд... чуғзи сархўр...»
...Бистари Шарифа аз арақ тар шуд.. Паҳлў гашта, тааҷҷуб кард, ки чаро чунин андешаҳои мағшуш оромаш намеғузоранд.
Паҳлў гашт, хаёлҳо низ пахлў гаштанд: ҳамон деҳаи қадима хуб буд; хонаҳои сангдевору похсаи паст-пасти бомҳояшон ба ҳам часпида, дар ёдҳо монда. Кас аз як гўшаи деҳа ба бом барояд, дар канори дигараш аз бом мефуромад; ҳамон хуб буд: зуд-зуд якдигарро медиданд мардум, меҳр доштанду оқубат... Ин замон, ки хонаҳои ҷудогонаи боғдор месозанд, на ҳавзи об; ба болохонаву мехмонхона меҳр бастаанд ва он хонаҳои пастаки похсаву сангиро оғил кардаанд, меҳру оқубат кам шудааст, эҳтиром костааст, одамгарӣ намондааст; ҳамон хонаҳои пастак хуб буд
– касро зимистонҳо гарм нигоҳ медошт. Гўсфандон барои он ҷафс мехобанд, ки гарм шаванд. Одамон ҷафс-ҷафс хона мепўшонданд, ки ҳамдевор бодҳои самумро гардонанд, аз балоҳо нигаҳ доранд.
Ҳама замонҳо бало дошт, ин замон пурбалотар шуда. Дар хонаҳои пастак ҳайвонҳо гарм ҳастанд, дар хонаҳои ҷудогона одамон хунук мехўранд, азоб мекашанд. Дунё охир шудагӣ барин – Оби Азов мешавад, мазмун. Гўё ҳама чиз муаллақ, амонат: одамони шинос якдигарро мефурўшанд, ба ҳамдигар бахилӣ мекунанд, яке аз дигаре чизе меситонад, яке дигареро мазлум мекунад; яке ба зўрӣ зиндагӣ дорад, дигаре ба зорӣ. Дар ибтидо хуб мезистанд одамон
– ҳайвонона бошад ҳам, озор намедоданд ҳамдигарро; аввал бар муқобили ҳайвонҳо олот сохтанд, пасон бар зидди якдигар... ва сар шуд қасду қасос, инак мерос шудааст... «Парвардигоро, нигаҳбон бош! Бурҳони бурдаатро бозовар!» Чӣ хел одамонанд ин калонсолон? Ба ҷуз насиҳат чизеро намедонанд: бад накун, фиреб мадеҳ, дурўғ нагўй; рост рав, рост гўй, рост шунав; ба пеши поят нигар, сари хамро шамшер набуррад; пешхезӣ накун, гап магардон... э-э-э, боз он қадар масалу мақол, ки гўё ҳамааш барои бечорагон бошад... аммо барои золим як шиор: теғат бурро бод!
Хуб буд он замонҳое, ки одамон суханро намедонистанд... Инак калонсолон пушаймон: на ба фурўтанӣ, балки ба мубориза даъват кардан лозим будааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё