Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Олоӣ мегуфт модар ва гоҳ-гоҳ даррандавор ба дар менигарист, ки ягон бадҳайбат намуда бошад. Менигаристу касеро намедид ва чашм пўшад, пеши назараш сурати Зуҳур ба ҳазор ранг меомад:
ҷин мешуд, дев мешуд, чорпои дандондароз мегашт, ҳамчу аждар менамуд, танҳайвону сародам, сарҳайвону танодам, одами болдор...
ва гоҳе устухон, саропои одам устухон метофт, искилети равон ё хандон... Пасон ў ба шифти хона менигарист ва маймунчаҳои зиёдеро медид, ки аз кодок ба кодок меҷаҳиданд ва ё дум ба вассаҳо часпонда алвонҷ мерафтанд, дасту чангол ёзида, ўро бардоштанӣ мешуданд... шабаҳ гашта ва ё ҳамчу ҳубобчаҳои ҳавоӣ миёни кодокҳо ғайб мезаданд, боз ба сурати ҳаргуна ҷонвар аз гўшаи хона ё тахмон менамуданд... Ў чашм мепўшид ва гумон мекард, ки ин ҳама корҳо дар торикӣ такрор мешаванд ва ҳамин ки ковок мешуд ё паҳлў мегашт ва ё аз дар касе меомад, ҳама чиз ғайб мезад... Боз ба хаёл меравад: ҷои ин ҳама суратҳо Зуҳур пайдо мегардад, ки аз кодоки тори сандалӣ аввал сараш метобад, гардану танаш; дандонҳои дарози якгазӣ дорад, механдад ба назар ва оҳиста-оҳиста нишеб мегардад, нўги думаш дар васса кашшак мешавад, маймун гашта алвонҷ меравад, якбора чаппа гашта чангол ба болор зада медорад ва мақъади сурх ба Шарифа намуда механдад. Шарифа чашм мепўшад ва боз чашм мекушояд, ки ў ғайб задааст... Боз аз миёни вассаҳо мисли замбўруғ мерўяд. «Ҳа-а-ад!» шиддату таҳдид мекунад Шарифа ва Зуҳур худро аз кодок ба замин партофта ва ба корди дасти занак дида дўхта, аз қасди Шарифа огоҳ мегардад, бадар меравад. Шарифа аз дунболи ў метозад... Гирд-гирди деҳа таъқиб мекунад ўро, наздик шуда корд заданӣ мешавад, ки пояш лағжида меафтад, Зуҳур баргашта механдаду мегурезад. Ин ҳол алами Шарифаро меафзояд, масхара шуданашро дониста, метозад ва чун Зуҳур дасташро сўтта карда «мана гир!» мегўяд.
Шарифа дандон ба дандон монда, корд ҷониби ў меандозад. Аммо Зуҳури фиребгар реб дода кордро мегузаронад. Корд куҷо шуд, Шарифа намебинад. Ноумед нишаста, сар бар сари зону мениҳад ва аз болои сараш хандаи масхараомези Зуҳур мебарояд: «гирифтӣ?» сўттаро дар назар дошта мегўяд Зуҳур ва Шарифа чун модашерӣ хашмӣ ҷонибаш меғуррад... Зуҳур ба писари девонааш Забур табдил гашта, ўро масхара мекунад: забон бароварда, зери бинии фисинаш мебарад, меҷунбад. Шарифа таъқиб кунад, дупоя меҷаҳад, яккалинг меравад, ки занак дорадаш.... Шарифа ҷиносо мўйҳо ба рўй кашида, чашмон шокоса карда, чангол гиро дошта, пеш меравад, то писараки девона тарсад. Ў пас-пас рафта ба ғўт дакка хўрда меафтад ва харвор ба хок ғел зада, боз ба шакли Зуҳур меояд; дандон ба дандон монда, ҷониби занак меларзад:
«Киро метарсон-ӣ-ӣ?!» Шарифа ҳамон зайл худро ҷин гардонида ва дандон ёзида, монанде ки ана-ана ўро медошта бошад, яка-яка пой монда гурбавор мушро таҳдид мекунад: «Ҳа, бадбахт, ҳа, номусулмон, аҷалат расид...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё